Бо камоли шодмонӣ ва аз самими дил ҷашни фархундаи Рӯзи Модар – 8-уми мартро, ки нишони самимият ва эҳтирому гиромидошти аҳли ҷомеа ба шахсияти занону модарон мебошад, ба ҳар яки Шумо табрику муборакбод гуфта, бароятон тансиҳатию хотирҷамъӣ, шодию нишот, саодату фараҳмандӣ, файзу баракати умр ва дар ҷодаи фаъолоят комёбиҳои эҷодию таълимиро таманно дорам.

Модарони азиз! Таҷлили Рӯзи Модар дар оғози фасли зебоманзари арӯси сол – баҳори нозанин аз  бузургии сиришти занону модарон башорат медиҳад. Аслан дунёи Зан – модар баҳористони гулафшони зиндагист. Модар меҳвари хонадон ва оромиши ҷон мебошад.

Модар ба мо ҳаёт мебахшад ва беҳтарин хислатҳои инсониро дар вуҷудамон бо шири зулолу сапедаш ҷой медиҳад. Дасти дуои модар ба қалби мо қуввату мадори ҷон бахшида, домони поку мубаррояш нахустин мактаби тарбияи инсоният ба шумор меравад.

Leave a Comment