Санаи 25.09.2020. бахшида ба «Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ «дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе чорабини бо иштироки намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои туристии ҷумҳурӣ бо номи » Рушди соҳаи сайёҳи дар ҷумҳурӣ ва омода намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе » баргузор гардид. Директори муассиса номзади илмҳои филологӣ муҳтарам Ширинзода Наҷмуддин ба чорабини ҳусни оғоз бахшида, дар рафти суханрониашон аз манфиату фоидаи рушди сайёҳӣ ба давлат ва дастовардҳои донишҷуёни ихтисоси «Иқтисодиёт ва ташкил дар соҳаи туризм «- и коллеҷ суханрони намуданд. Ҳамзамон дар чорабинии мазкур ба донишҷӯёне, ки дар мусобиқаи шухпаймоӣ ширкат варзиданд ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои пулӣ баҳри ҳавасмандгардонии онҳо аз ҷониби маъмурияти муассиса тақдим карда шуд. Дар охири чорабини роҳбарияти муассиса қайд карданд, ки раёсати коллеҷ минбаъд низ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи рушди сайёҳӣ кушиш намуда, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи насли наврас дар руҳияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, тайёр намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ талош варзида, барои пешрафти Ватани азизамон Тоҷикистон саҳми худро хоҳанд гузошт.

Leave a Comment