Бузургдошти Рӯзи Рӯдакӣ дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ поягузори адабиёти тоҷику форс ва рамзи ҷовидонаи адабу фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад. Ҳамасола санаи 22-юми сентябр дар кишвари азизамон Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мешавад.
Ба муносибати ин рӯзи фархунда 21-уми сентябр дар маҷлисгоҳи муассиса бо риояи фосилаи иҷтимоӣ ва меъёрҳои беҳдоштӣ маҳфили хурди дилнишине баргузор гардид. Ҳозиринро ба муносибати ин рӯз роҳбарияти муассиса табрику таҳният гуфта, қайд карданд, ки “Нақши устод Рӯдакӣ дар ташаккули адабиёт ва забони адабии тоҷикӣ бениҳоят бузург буда, таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ ва сухан гуфтан аз эҷодиёти ӯ, бешак, аз худшиносӣ ва эҳсоси баланди ватандорӣ шаҳодат медиҳад”.
Дар маҳфили мазкур аз ҷониби омӯзгорон перомуни рӯзгору осор ва моҳияти шеъри устод Рӯдакӣ суханрониҳо ироа шуд. Ҳамчунин, донишҷӯён аз ашъори ноби падари шеъри форсии тоҷикӣ пораҳои шеърӣ қироат намуданд.
Аксҳо аз рафти баргузории чорабини.

Leave a Comment