ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ДИРЕКТОРИ КОЛЛЕҶИ МУҲАНДИСИЮ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ НОМЗАДИ ИЛМҲОИ ФИЛОЛОГӢ ШИРИНЗОДА НАҶМУДДИН АСОМУДДИН БАХШИДА БА ҶАШНИ 26-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
Муҳтарам ҳамкасбону омӯзгорон ва донишҷӯёни азиз Шуморо бахшида ба рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният намуда, дар ин рӯзи фараҳбахш бароятон дар роҳи бунёдӣ давлати демокративу ҳуқуқбунёд комёбиҳои беназир таманно дорам.
Конститутсия – шиносномаи миллат буда, дар он инсон арзиши олӣ маҳсуб меёбад. Маҳз бо шарофати Конститутсия ҷомеаи ҷаҳонӣ давлати моро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва дунявӣ шинохта дар он тамоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд мустаҳкам карда шудааст.
Бо туфайли сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон бо дастовардҳои назаррас дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ноил гардида, орзуву армонҳои ҳарсолаи худро амалӣ карда истодааст. Заминаи ҳуқуқии ҳамаи ин дастовардҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намуда, волоияти қонун, қабл аз ҳама аз волоияти меъёрҳои Конститутсия сарчашма мегирад.
Ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо азму иродаи якдилонаи шаҳрвандони кишвар Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки ин дар таърихи миллати тоҷик воқеан нодиру фараҳбахш маҳсуб ёфта, барои бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, ташкили сохтори нави ҳокимияти давлатӣ, муайян намудани ҳадафҳо ва самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат нақши босазо гузошт.
Асоси Конститусия дар даврони соҳибистиқлоли аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар бо мақсади таъмини волоияти қонун, таҳкими раванди демократикунонӣ дар ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирӣ намудан аз ҳар гуна ҳуқуқвайронкуниҳо тадбирҳои муассир андешида шуда, як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки имрӯз онҳо мавриди амал қарор доранд.
Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хусусиятҳои хоси худ ҳамчун беҳтарин Конститутсия дар ҷаҳон шинохта шудааст, ки он худ баёнгари иродаи мустаҳкам ва нерӯи тамаддунофари миллати тоҷик мебошад.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки кормандони соҳа таҳти сарпарастӣ ва ғамхориву дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи меъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд таъмину тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионӣ шаҳрвандон бо азму иродаи қавӣ ва рӯҳияи шикастнопазир аз ӯҳда ва иҷрои вазифаҳоямон бароем.
Рӯзи Конститутсия муборак ҳамкасбону омӯзгорон ва донишҷӯёни азиз.
Ба ту, қонуни давронам ташаккур!
Барои бахти тобонам ташаккур!
Калиди ақли одам дар кафи ту,
Адолатро нигаҳбонам, ташаккур!!

Leave a Comment