БАРГУЗОРИИ МИЗҲОИ МУДАВВАР ДАР КОЛЛЕҶИ МУҲАНДИСИЮ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БА МУНОСИБАТИ 26- УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бахшида ба ҷашни 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон санаҳои 4-ум ва 5 уми ноябр дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи » Конститутсия бахтномаи миллат» дар кафедраи «Автомобил ва мошинсозӣ», бо номи «Конститутсия бахтномаи миллат» дар кафедраи «Технологияи иттилооти ва дизайн» бо номи»Конститутсия ҳуҷҷати сарнавиштсоз» ва дар кафедраи «Саноатию сохтмони» бо номи «Конститутсия роҳнамои давлати соҳибистиқлол » баргузор гардид.
Дар мизҳои мудаввар сараввал директори муассисаи таълими муҳтарам Ширинзода Начмуддин суханрони намуда хозиринро ба ҷашни 26-умин солгарди Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аз таърихи қабули Конститутсия дар солҳои пеш ва замони соҳибистиқлолӣ ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуданд. Сипас маърӯзаҳо аз ҷониби омӯзгорону донишҷӯён дар васфи Конститутсия ва моҳияти ҳар бобу моддаҳои он пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.
Аксҳо аз рафти баргузории мизҳои мудаввар!

Leave a Comment