Санаи 22.12.2020. дар муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе бахшида ба 84-умин солгарди «Рӯзи энергетикҳо» Конференсияи илмӣ назариявӣ таҳти унвони «Рушди соҳаи энергетика дар татбиқи хадафи 4- уми миллӣ » Саноатикунонии босуръати кишвар» баргузор гардид. Роҳбари муассиса номзади илмҳои филологӣ муҳтарам Ширинзода Наҷмуддин Асомуддин ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшида тамоми омӯзгорону кормандони соҳаи энергетикаро бо Рӯзи иди касбиашон самимона табрику шодбош намуда, баъдан доир ба ҳадафҳои 4- уми стратегияи миллӣ оид ба рушди босуръати соҳаи энергетика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, корнамоиҳои Пешвои миллат дар ин самт суханрони намуданд.
Сипас дар рафти конференсия аз ҷониби омӯзгорону донишҷӯёни ихтисосҳои Таъмини барқ ва Истифодабарии таҷҳизотҳои нерӯгоҳҳо ва неругоҳҳои хурди барқии муассисаи таълимӣ маърӯзаҳо дар мавзӯҳои Рушди соҳаи энергетика дар татбиқи ҳадафи 4- уми миллӣ «Саноатикунонии бо суръати кишвар», » Саҳми Пешвои миллат дар рушди босуръати соҳаи энергетика», «Энергетика ва аҳамияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Энергетика соҳаи пешбарандаи иқтисоди Тоҷикистон», » Бунёди сохтмони нерӯгоҳҳои БО-и Тоҷикистон», «Илми энергетика ва нақши муҳандисон дар он» ва » Силсиланерӯгоҳҳои дарёи Вахш», пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.
Ҳамзамон ба маълумоти Шумо мерасонем, ки аз ҷониби донишҷӯёни ихтисоси Таъмини барқ ва Истифодабарии таҷҳизоти нерӯгоҳҳо ва нерӯгоҳҳои хурди барқии муассиса дар самти таъмиру аз навбарқароркунии таҷҳизотҳои барқӣ аз ҷумла иваз намудани фурузонакҳо ва хомушкунакҳои барқӣ корҳои амалӣ гузаронида шуд, ки донишҷӯён бо маҳорати баланд тавонистанд аз уҳдаи ин корҳо бароянд ва дар ҷойҳои намоёни муассисаи таълимӣ аз ҷумла дар роҳравҳо хобгоҳи донишҷӯён утоқҳои кории кормандон ва синфхонаҳо шиору овезаҳо бо ишораҳои ИСТ ШИДДАТ!, ПЕШ АЗ БАРОМАДАНД ҚУВВАИ БАРҚРО ХОМУШ КУНЕД!, ИСТО БАРҚРО ХОМУШ КАРДӢ! ва ҲАНГОМИ СУХТОР БА 01 ЗАНГ ЗАНЕД! аз нав омода аз ҷониби ин донишҷӯён овезон карда шуданд.
Дар охир омӯзгорону донишҷӯён ва ташкилкунандагони ин конференсия бо ифтихорнома аз ҷониби директори муассиса сарфароз гардонида шуданд.
Инчунин дар кори конференсия фосилаи иҷтимоӣ миёни иштироккунандагон риоя гардида, ҳама бо истифода аз ниқобҳои яккарата иштирок намуданд.
Аксҳо аз рафти баргузории конференсия ва корҳои амалӣ!

Leave a Comment