Боз омад ба дари мо Соли нав,
Боз омад бахти нав, иқболи нав.
Боз омад Соли неку фоли нав,
Боз омад шӯри нав бо боли нав.
Муҳтарам омӯзгорону кормандон, донишҷӯён ва ҳамдиёрони азиз!
Дар ин лаҳзаҳои идона Шумо ва дар симои Шумо аҳли хонадонатонро бо Соли нави мелодии 2021 самимона табрику таҳният гуфта, сиҳатмандиву саодатманди рӯзгори осуда, хушбахтии поянда, иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракатро ба ҳар яки Шумо ва дар симои Шумо ба аҳли пайвандонатон орзу менамоям.
Бигзор дар Соли нав комёбиҳои нав ба нав насибатон гардад.
Саломату сарбаланду саодатманд бошед!
Аз забони шоире баҳратон гуфтаниям:
Бигзор, ки дар Соли навин шод бимонед,
Дур аз аламу гиряву фарёд бимонед.
Монед дар ин Соли куҳан дарду ғаму кин,
Аз вартаи ҳасрат ҳама озод бимонед.
Берун шуда аз дашти пури хору разолат,
Пой бар чамани пургулу шамшод бимонед…. Соли нави мелодӣ муборак!

Leave a Comment