Дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе” ҷаласаи иттилоотӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи саводнокии духтарону ҷавонзанон ва дурнамои рушди касбии занон дар самти “Механики барқӣ оид ба хизматрасонӣ ва таъмири таҷҳизоти сардкунанда ва мӯътадилгардонии ҳаво” баргузор гардид.
Дар доираи Созишнома байни Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе” бо Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди Глобалии Экологӣ, дар самти татбиқи муштараки Лоиҳаи — «Аз гардиши пурра баровардани ГФХУ (гидрохлорофторуглерод) бо роҳи ворид намудани технологияҳо бо нерӯи сифрии озонвайронкунанда ва нерӯи пасти гармшавии глобалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир карда шуд.
Ҷаласа бо иштироки директори Коллеҷи муҳандисию омӯзгори шаҳри Душанбе Ширинзода Наҷмуддин Асомуддин, Машваратчии миллии Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масоили гендерии лоиҳа, Раиси Ассатсиатсияи энергетикҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Рафиқа Мусоева, ҷонишини намояндаи доимии Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Крис Политис, Сардори раёати кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Зарина Зуҳурова, шунавандагон аз ҳисоби духтарону занони хонашин ва бешуғли шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ доир гардид.
Дар рафти ҷаласа Рафиқа Мусоева, ҳамчун модератори ҷаласа, мақсаду мароми лоиҳа ва масъалаҳои фарогири он аз қабили ҳифзи қабати озон, даст кашидан аз истифодаи гидрохлорофторуглерод, ҷалби занон ба касбҳои техникӣ ва ба омӯзиш фаро гирифтани занони хонашини бешуғл ба ҳозирин маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Бояд қайд намуд, ки дар чорчубаи татбиқи лоиҳа 25 нафар духтарону занони хонашин ва бешуғл аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар курсҳои 2-моҳаи кутоҳмуддати омӯзишӣ аз рӯи касби “Механики барқӣ оид ба хизматрасонӣ ва таъмири таҷҳизоти сардкунанда ва мӯътадилгардонии ҳаво” дар озмоишгоҳи таҷҳизотҳои сардкунандаи коллеҷ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Дар раванди таҳсил духтарону занон бо идрорпулӣ (стипендия), хобгоҳ ва дигар имкониятҳо дар доираи созишнома таъмин карда мешаванд.

Leave a Comment