Қисми таълим яке аз сохторҳои асосӣ ва муҳими коллеҷ маҳсуб ёфта, фаъолияти дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои мушовараи Вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомнома ва Оинномаи коллеҷ ва дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ ба роҳ мондааст. Қисми таълим идоракунии умумии раванди таълимро амалӣ сохта, фаъолияти таълимии кафедраҳо ва факултетҳои коллеҷро мувофиқа месозад.