РОБИТАҲОИ ХОРИҶӢ

     Бахши робитаҳои хориҷии муассисаи давлатии таълимии  «Коллеҷи муҳандисию омўзгории шаҳри Душанбе, ҳамчун як сохтори таркибии муассиса, дар асоси Низомномаи бахш фаъолияти худро дар самтҳои зерин ба роҳ мондааст;

   1.1  муайян намудани дурнамо, барномарезӣ ва танзими фаъолияти хориҷии муассиса

      1.2.ташкили кор доираи робитаҳои байналмиллалии муассиса

   1.3 рушди равобити байналмиллалӣ  ки ба воридсозии муассиса ба иттиҳоди ҷаҳонии маълумотнокӣ ва системаи фазои байналмиллалии иттилоотию комуникатсионӣ, истифодаи базаи маълумотҳо, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии кишварҳои хориҷӣ ҷамъоварӣ шудаанд.

    1.4 мусоидат ба барқарорсозӣ ва рушди робитаҳои байналмиллалии муассиса дар чаҳорчубаи барномаҳои байниҳукуматӣ, ки танзими давлатӣ, маблағгузорӣ ва ҳамоҳангсозиро тавъам менамоянд ва таъмини манофеъи миллиро кафолат медиҳанд.

    1.5 Ҳамоҳангсозии фаъолияти миёни садорати факултетҳо ва кафедраҳои муассиса оид ба иштироки омўзгорону донишҷўёни муассиса дар барномаҳои таълимии озмунӣ бо мақсади такмили ихтисос ва ё таҳсил дар коллеҷҳо, донишгоҳҳо ва марказҳои илмии хориҷӣ.

       1.6 Ҷалби донишҷўёни хориҷӣ барои таҳсил дар муассиса дар асоси шартнома

      1.7 Ташкил, дастгирӣ ва рушди алоқаҳо бо ташкилотҳои беруна ва       қисматҳои дохилии муассиса

ГУЛОВА ШАҲЛО МИРАҲМАДОВНА

Сардори бахши робитаҳои хориҷӣ
ТЕЛ:(992) 917160102, (992)501160670 MAIL:Gulova1975@list.ru

This is the heading

Lorem ipsum dolor sit amet, consectetur adipiscing elit. Ut elit tellus, luctus nec ullamcorper mattis, pulvinar dapibus leo.

КУРСИ ОМӮЗИШИИ 5-РЎЗАИ МУТАХАССИСОНИ ТАҶҲИЗОТҲОИ САРДКУНАНДА ВА СИСТЕМАҲОИ ҲАВОТОЗАКУНӢ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ «АЗ ГАРДИШИ ПУРРА БАРОВАРДАНИ ГФХК БО РОҲИ ВОРИД НАМУДАНИ ТЕХНОЛОГИЯҲО БО НЕРӮИ СИФРИИ ОЗОНВАЙРОНКУНАНДА ВА НЕРӮИ ПАСТИ ГАРМШАВИИ ГЛОБАЛӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» ДАР ЗАМИНАИ МОДДИЮ ТЕХНИКИИ КОЛЛЕҶИ МУҲАНДИСИЮ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе шартномаҳои дуҷонибаро ҷиҳати ҳамкорӣ бо корхонаю ташкилотҳои хориҷӣ ба роҳ монда истодааст. Шурӯъ аз санаи 11-уми сентябри соли 2020 дар коллеҷ курси омӯзишии 5-рўза дар доираи иҷрои лоиҳаи «Аз гардиши пурра баровардани ГФХК бо роҳи ворид намудани технологияҳо бо нерӯи сифрии озонвайронкунанда ва нерӯи пасти гармшавии глобалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мавзўи «Бехатар ва самаранок истифодабарии дигаргуншавӣ ва заҳролудшавии хладагентҳо, инчунин хизматрасонии технологӣ ва таъмири таҷҳизоти сардкунанда ва системаҳои ҳавотозакунӣ бо неруи сифрии озонвайронкунанда ва нерӯи пасти гармшавии глобалӣ аз ҷумла хладагентҳои табиӣ (пропан, изобутан ва аммиак)» барои мутахассисони таҷҳизоти сардкунанда ва системаҳои ҳавотозакунӣ ташкил карда шуд, ки ќаблан ин мутахассисони соҳа аз курси думоҳаи бозомўзӣ дар озмоишгоҳи таҷҳизотҳои сардкунанда ва системаи ҳавотозакунии коллеҷ  аз рўи касби «Механики барќӣ оид ба таҷҳизотҳои сардкунанда ва муътадилгардонии ҳаво» гузашта, соҳиби шаҳодатномаи муассиса гардида буданд.

Дар коллеҷ 7 тренинги омўзишӣ (муҳлат 1 тренинг 5- рўз) бо иштироки ҳамагӣ 130 нафар техник ва устоҳои таъмиргари таҷҳизоти сардкунанда ва системаҳои ҳавотозакунӣ аз корхонаҳои хурди хусусии шаҳри Душанбе (58 нафар), НТМ (18), вилояти Хатлон (26 нафар) ва ВМКБ (18 нафар) роҳандозӣ гардид, то санаи 03.10.2020 давом меёбад. Инчунин, курси омӯзишии мазкур дар вилояти Суғд бо иштироки мутахассисони соҳавии худи вилоят аз санаи 17.11.2020 баргузор гашта ва то саннаи 04.12.2020 ҷамъбаст хоҳад гардид. Дар ин раванд аз тарафи коллеҷ барои гузаронидани тренинг шароити хуб муҳайё карда шуда, иштирокчиёни бо маводҳои антисептикӣ барои риоя аз бемории сироятии COVID-2019 таъмин карда шуданд, ки фосилаи иҷтимоӣ дида мешавад. Пас аз ҷамъбасти курси омўзишӣ шунавандагони курс соҳиби шаҳодатнома хоҳанд гардид. Зикр кардан ба маврид аст, ки дарсҳои назариявӣ ва амалӣ дар асоси маводҳои таълимӣ ва таҷҳизотҳои сардкунандаи озмоишгоҳи муассиса баргузор гардида, барномаи таълимӣ мавзӯъҳо оид ба истифодаи бехатари яхдонҳо ва кондитсионерҳо, самаранокии алтернативаҳои HCFC бо Zero ODS ва GWP – паст, маводи хунуккунандаи табиӣ, таъсир ба муҳити зист, ҷанбаҳои қонунгузорӣ, стандартҳои бехатарӣ оид ба маводи алтернативии хунуккунанда, ки қобилияти оташангезӣ доранд, ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи қабати озон ва моддаҳои вайронкунандаи озон, шарҳи принсипҳои умумии таҷҳизоти яхдон, насосҳои гармидиҳӣ ва  кондитсионерҳоро дар бар гирифт.

Дарсҳои назариявӣ аз ҷониби ҳамоҳангсози лоиҳаи «Даст кашидан аз истифодабарии HCFC (моддаҳои вайронкунандаи озон)»-и Барномаи Рушди  Созмони милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хуршед Ҳусайнов ва дарсҳои амалӣ дар Ассотсиатсияи таҷҳизотҳои сардкунанда аз ҷониби мутахассисони соҳа гузаронида шуда, шунавандагони курс истифода аз фреон ва ба ҳаво ихроҷ намудан, зарар ва коркарди онро ба тарзи назариявӣ ва амалӣ  тибқи қонуну меъёри истифодаи он аз худ намуданд.

 Ҳадаф аз баргузории омӯзиши мазкур  ин барқарор кардани иртибот ва мубодилаи иттилоот байни Ассотсиатсияҳои мутахассисони таҷҳизоти сардкунанда ва системаҳои ҳавотозакунӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ мебошад. Зеро рушди саноат ва дар навбати аввал, саноати химия, сабаби истеҳсол ва ба атмосфера ихроҷ намудани хлорфторкарбонҳои фреонӣ (фторхлоридҳои омехтаи метан ва этан, фреони R-12 ва R-22)  мегардад, ки онҳо дар шароити муқаррарӣ бе ҳаракат ва бе заҳр буда, дар стратосфера зери таъсири нурҳои ултрабунафш таҷзия мешаванд. Ҳар як атоми хлор ба озодӣ баромада метавонад даҳҳо ҳазор молекулаи озонро вайрон намояд.

Ба гуфти мутахассисони ин соҳа, дар қатори омилҳои физикию географӣ дар атмосфера вуҷуд доштани миқдори зиёди фреон (хлорфторкарбонҳо) яке аз омилҳои босуръат вайрон кардани қабати озон мебошад. Дар тамоми ҷаҳон то соли 1990 қариб 2 млн тонна моддаҳои вайронкунадаи кабати озон истеҳсол карда мешуданд.Бояд тазаккур дод, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12-уми ноябри соли 2019 зимни суханронӣ дар 40-умин ҷаласаи Конфронси Генералии ЮНЕСКО дар масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим дар Франсия изҳор дошта буданд, ки «Тоҷикистон аз рӯи партовҳои қиёсии дуоксиди карбон (СО2) дар ҷаҳон ҷойи 135-умро ишғол менамояд. Ҳаҷми партовҳои газҳои парникӣ (гулхонавӣ) дар кишвари мо соле то як тонна ба сари ҳар як нафари аҳолӣ рост меояд ва ҳиссаи мамлакат дар минтақа камтар аз се фоизро ташкил медиҳад. Дар нигоҳ доштани сатҳи пасттарини партовҳои зараровар ба атмосфера ба мо дар бисёр маврид истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, бахусус гидроэнергетика, ки яке аз манбаъҳои асосии тавлиди энергияи «сабз» ба ҳисоб меравад, мусоидати ҷиддӣ менамояд».

         22 марти соли 1985 дар шаҳри Вена бо ташаббуси Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз тарафи намояндагони 28 кишвар Конвенсия дар бораи ҳифзи қабати озон ба имзо расид.

Баъд аз ин, 16 сентябри соли 1987 46 кишвари ҷаҳон Протоколи Монреалро оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон имзо намуданд. Конвенсияи Вена ва Протоколи Монреал бори аввал дар кори ҳифзи қабати озони стратосфераи Замин, ки тағйирёбии он ба саломатии инсон ва муҳити атроф таъсири зиёди манфӣ мерасонад, ҳамкориро ба роҳ мондаанд.

Дар натиҷаи вайроншавии қабати озон вайроншавии ДНК-и мавҷудоти зинда ба мушоҳида расида, сустшавии системаи иммунитет, ки ба зиёд шудани бемориҳои сироятӣ оварда мерасонад, ба миён меояд. Инчунин имкон дорад, ки вайроншавии қабати озон инсонро ба саратони пӯст ва катарактаи чашм гирифтор намояд. Дар баробари таъсир доштан ба саломатии инсон инчунин вайроншавии қабати озон сабаби паст шудани ҳосилнокии растаниҳо, вайрон шудани тухмиҳо, бад шудани сифати донагиҳо гардида, ба зиёд гардидани планктонҳо, обсабзҳо, кирмаки моҳиҳо, харчангҳои баҳрӣ, вайрон шудани ҳалқаи озуқа дар чуқуриҳои баҳр, кам шудани ҳаҷми моҳидорӣ ва фарсудашавии сатҳҳои рангшуда, маснуоти резинӣ, чӯбӣ ва пластикӣ, бахусус дар минтақаҳои тропикӣ оварда мерасонад.

Дар Протоколи Монреали Конвенсияи Вена оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон тадбирҳое таҳия гардидаанд, ки онҳо ба ҳифзи саломатии инсон ва муҳити зист аз таъсиррасониҳои ба тунукшавии қабати озон вобаста равона карда шудаанд. Ин санадҳо яке аз аввалин шартномаҳои глобалӣ маҳсуб меёбанд, ки дар онҳо давлатҳои ҷаҳон кӯшишҳои хешро дар зери ҳимояи Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади ҳифзи Замин ва инсоният аз фоҷиаи имконпазири экологӣ муттаҳид намудаанд.

Дар айни замон ҳуҷҷатҳои мазкур аз тарафи теъдоди аз ҳама зиёд- 197 давлат  ба имзо расида, тасдиқ карда шудаанд. Аввалин маротиба Хазинаи бисёрҷониба баҳри пӯшонидани хароҷоти кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва кишварҳои дорои иқтисодиёти гузаранда ташкил карда шуд, ки фаъолияти он ба амалисозии тадбирҳои танзимкунандаи Протоколи Монреал равона карда шудааст.

Ба шарофати Протоколи Монреал миқдори умумии зиёдатии моддаҳои вайронкунандаи озон дар атмосфера аллакай давоми даҳсолаҳо кам шуда истодааст. Агар кишварҳои ҷаҳон дар оянда низ низомномаи протоколи Монреалро риоя кунанд, чунин камшавӣ  давоми тамоми асри XXI идома хоҳад ёфт.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1995 Конвенсияи Венаро оид ба ҳифзи қабати озон аз 22 марти соли 1985 тасдиқ кардааст ва соли 1997 протоколи Монреалро оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон аз 16 сентябри соли 1987 тасдиқ намудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи тағйироти протоколи Монреал (тағйироти Лондон дар соли 1997, Копенгаген, Монреал ва Пекин дар соли 2009) ҳамроҳ шудааст.

Баъд аз ҳамроҳшавӣ ба Конвенсияи Вена ва Протоколи Монреал Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қадам ба қадам кам намудани моддаҳои вайронкунандаи озон ва дар оянда пурра қатъ намудани истифодаи он уҳдадор гардидааст. Ба Тоҷикистон ҳуқуқи дастрасӣ ба Фонди глобалии  экологӣ дода шуд, ки бо мақсади расонидани кумаки молиявӣ ва техникӣ ба кишварҳо дар амалигардонии чораҳои танзимӣ аз тарафи протоколи Монреал оид ба кам кардани истифодаи моддаҳои вайронкунандаи озон муайяншуда таъсис дода шудааст.

КУРСҲОИ 5-РӮЗАИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ДОИР БА ОМОДА НАМУДАНИ 180 НАФАР УСТОҲОИ ТАЪМИРИ ТАҶҲИЗОТИ САРДКУНАНДА ВА МӮЪТАДИЛГАРДОНИИ ҲАВО ДАР МАВЗӮИ “ИСТИФОДАИ БЕХАТАР ВА СИФАТНОКИ САРДКУНАНДАҲОИ ОТАШАНГЕЗ ВА ВА ЗАҲРНОК, ҲАМЧУНИН ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ТАЪМИРИ ТАҶҲИЗОТИ САРДКУНАНДА ВА МӮЪТАДИЛГАРДОНИИ ҲАВО БО ИҚТИДОРИ СИФРИИ ОЗОНВАЙРОНКУНАНДА ВА САТҲИ ПАСТИ ГАРМШАВИИ ГЛОБАЛӢ ДАР МИСОЛИ САРДКУНАНДАҲОИ ТАБИӢ(ПРОПАН, ИЗОБУТАН )”

Дар доираи татбиқи муштараки Лоиҳаи БРСММГЭФ, “Аз гардиши пурра баровардани ГХФК дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи воридкунии технологияҳо бо иқтидори сифрии озонвайронкунанда ва сатҳи пасти гармшавии глобалӣ ” бо МДТ “Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе”, шурӯъ аз 15 майи соли 2021 дар базаи моддӣтехникии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе курсҳои такмили ихтисос доир ба омода намудани 180 нафар устоҳои таъмири таҷҳизоти сардкунанда ва мӯътадилгардонии ҳаво дар мавзӯи “Истифодаи бехатар ва сифатноки сардкунандаҳои оташангез ва ва заҳрнок, ҳамчунин технологияҳои хизматрасонӣ ва таъмири таҷҳизоти сардкунанда ва мӯътадилгардонии ҳаво бо иқтидори сифрии озонвайронкунанда ва сатҳи пасти гармшавии глобалӣ дар мисоли сардкунандаҳои табиӣ(пропан, изобутан ва аммиак)” баргузор гардида истодаанд.

Омӯзиши мазкур бо риояи ҷиддии тамоми чораҳои бехатаргардонӣ, масофаи иҷтимоӣ истифодаи маводоти зиддисироятӣ ва дигар намудҳои безараргардонӣ ба роҳ монда шудааст ки аз ҷониби Барномаи рушди Созмони миллали муттаҳид дастгирии молиявӣ меёбад.

Мақсади асосӣ аз баргузории курсҳои такмили ихтисоси мазур, дар баланд бардоштани донишҳо ва савияи  техникӣ ва огоҳӣ доштани таълимгирандагон ва кормандони соҳаи таҷҳизоти сардкунанда ва мӯътадилгардонии ҳаво аз хусусиятҳои сардкунандаҳо бо иқтидори сифрии озонвайронкунанда ва сатҳи пасти гармшавии глобалӣ дар мисоли сардкунандаҳои табиӣ ба муҳити зист, намуд ва воситаҳои ҳифзи муҳити зист, зина ба зина маҳдуд намудани истифодаи ГХФК ва ГФК бо иқтидори баланди озонвайронкунанда ва гармшавии глобалӣ, муаррифӣ намудани таҷрибаи пешқадами  ҷаҳонии истифодаи таҷҳизоти сардкунанда ва мӯътадилгардонии ҳаво,  риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи намудҳои сардкунандаҳо ва гузариш ба сардкунандаҳои алтернативӣ таҷассум меёбад.

 

Курсҳои омӯзишии болозикр аз машғулиятҳои амалӣ доир ба хизматрасонии техникии системаҳои дорои сардкунандаҳои даргир ва оташангез иборат мебошанд.  Омӯзгорон ва тренер-конструкторҳои   баландараҷа ба курсҳо ҷалб гардидаанд ки ба  таълимгирандагони курсҳо машғулиятҳоро аз рӯи таҷрибаи ҷаҳонии хизматрасонии техникии таҷҳизоти сардкунанда ва мӯътадилгардонии ҳаво, танзимсозии моддаҳои озонвайронкунанда, таҳқиқ ва муайянсозии моддаҳои озонвайронкунанда, истифодаи сардкунандаҳо ва технологияҳои  алтернативӣ таълим медиҳанд.

Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи баргузории курсҳо, дар шаҳри Душанбе(барои 105 нафар)  ва дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд (барои 75 нафар) аз омӯзиш гузаронидани 180 нафар устоҳои таҷҳизоти сардкунанда ва мӯътадилгардонии ҳаво ба нақша гирифта шудааст, ки ин устоҳо аз шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон ва вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон мебошанд.

Қобили зикр аст, ки ташкил ва баргузории чорабиниҳоии зайл на танҳо ба баландбардории донишҳо ва сатҳи салоҳиятнокии  устоҳои таъмири таҷҳизоти сардкунанда ва мӯътадилгардонии ҳаво мусоидат намуда, ба ин васила метавонанд сатҳи хатари вайроншавии қабати озон ва гармшавии иқлимро кам намоянд, ҳамчунин, баргузории ингуна чорабиниҳо ба таъминкунии бозори меҳнати кишвар бо мутахаассисон доир ба таҷҳизоти сардкунанда ва мӯътадилгардонии ҳаво, ки талабот ба ин гуна мутахассисон рӯз то рӯз меафзояд, таъсири амиқ расонида метавонад.

Краткосрочные курсы по специальности “холодильщиков” в рамках соглашения между ИПКД и Программой развития ООН в Таджикистане относительно реализации Проекта “Содействие в выполнение объязательств по ускоренному отказу от ГХФУ в регионе стран с переходной экономикой”