Шуъбаи таълим

         Қисми таълим яке аз сохторҳои асосӣ ва муҳими коллеҷ маҳсуб ёфта, фаъолияти дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тољикистон “Дар бораи маориф”, Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои мушовараи Вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомнома ва Оинномаи коллеҷ ва дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ ба роҳ мондааст. Қисми таълим идоракунии умумии раванди таълимро амалӣ сохта, фаъолияти таълимии кафедраҳо ва факултетҳои коллеҷро мувофиқа месозад.

         Дар назди қисми таълим Шӯрои илмӣ-методӣ дар ҳайати ҷонишини директор оид ба  корҳои таълимӣ (раис), сардори шуъбаи таълим, котиби Шӯрои илмӣ-методӣ, раисони Шӯрои илмӣ-методии факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва омӯзгорони соҳибтаҷриба амал мекунад.

     Фаъолияти Шӯрои илмӣ-методӣ ҷиҳати татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, Оинномаи коллеҷ, қарорҳои Шӯрои олимон ва фармону дастурҳои директори коллеҷ ва ҷиҳати  тадриҷан беҳтар кардани сифати таълим, такмили маҳорати касбии омӯзгорон, ҷустуҷӯйи роҳҳо ва усулҳои пешқадами таълим ба роҳ монда шудааст.

         Дар назди қисми таълим, инчунин комиссияи экспертии интиқолу барқарори донишҷӯён  амал менамояд, ки фаъолияти худро дар асоси “Низомномаи хориҷ, барқарор ва интиқоли донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.

       Вазифа ва ҳадафҳои шуъбаи таълим ба ташкили мақсадноки ҷараёни таълим дар коллеҷ бо муайян кардани самтҳо, зинаҳои асосӣ, муаммоҳои таълим ва барои ноил шудан ба сатҳи баланди сифати таълим нигаронида шудаанд.

РАБИЗОДА НАҶИБУЛЛО

ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ, номзади илмҳои техникӣ (+992)-372312730; (+992)-981051875 kuvvatov-1987@mail.ru

Самтҳои асосии фаъолияти шуъбаи таълим:

  • дар якҷоягӣ бо кафедраҳои тахассусӣ стандарт ва нақшаҳои таълимии навро бо назардошти тақозои замон коркард менамояд.
  • иқтибос аз нақшаҳои таълимиро тафтиш намуда ба системаи барномавии таълим ворид месозад ва тақсимоти онро дар кафедраҳо зери назорат қарор медиҳад.
  • ҳаҷми сарбории таълимии аз тарафи кафедра тартиб додашударо дида баромада ба низомномаи сарборӣ мувофиқ будани онро назорат менамояд.
  • корҳои хатмкунӣ, лоиҳаҳо ва корҳои курсиро барои бо солҳои қабли такрор нашудан тафтиш намуда онҳоро зери назорат қарор медиҳад.
  • оиди тартиб додани комиссияҳои атестатсионии давлатӣ корҳои заруриро ташкил менамояд.
  • давомоти донишҷӯён ва дарсазхудкунии онҳоро зери назорат қарор дода баҳри бартараф намудани камбудиҳо саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Банақшагирӣ ва ташкили раванди таълим:

  • муайян сохтани самтҳои афзалиятноки баландбардории сифати таҳсилот ва такмили ихтисоси кадрҳои коллеҷ;
  • таҳияи лоиҳаи талаботи ҳадди ақалли мазмуну мундариҷаи Стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, таҳияи барномаҳои таълимии фаннӣ (силлабусҳо, маҷмӯи саволу ҷавобҳои тестӣ (санҷишӣ), саволу ҷавобҳои рейтингӣ);
  • ба низом даровардани номгӯи ихтисосҳо тибқи равияи коллеҷ, таъмин намудан бо маводи таълимӣ, барномаҳо ва назорат намудани иҷроиши онҳо;
  • таҳлил намудани таркиби фанҳои таълимӣ, манзур намудани пешниҳодот доир ба ворид кардани таѓйироту иловаҳо ба нақшаҳои таълимии амалкунанда;
  • таҳлилу натиҷагирии сатҳи донишазбаркунии донишҷӯён;
  • омӯзиш, натиҷагирӣ ва назорати ҷараёни таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ, истеҳсолӣ, омӯзгорӣ, пешаздипломии донишҷӯён;
  • тартиб додани реҷаи ҷараёни таълим ва ҷадвали дарсҳо;
  • таҳлил кардани натиҷаҳои аттестатсияи давлатии ҷамъбастии хатмкунандагон (ҳимояи рисолаҳои тахассусии хатм);
  • банақшагирӣ ва ташкили таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ;
  • баҳисобгирии ҳайати омории донишҷӯёни шуъбаи рӯзона ва ғоибона;
  • таҳияи тавсияҳо доир ба такмилдиҳии раванди таълим;
  • назорат намудани раванди банақшагирӣ, ҳисобу китоб ва иҷроиши сарбориҳои таълимӣ ва илмӣ-методии омӯзгорони коллеҷ.

Кормандони шуъбаи таълим 

Каримов Давлат Маҳмадович

Сардори шуъбаи таълим
(+992)-37-231-27-30; (+992)-918783578

karimzoda-1001@mail.ru

Юнусова Лола Зубайдуллоевна

Сармутахассиси шуъбаи таълим
(+992)-37-231-27-30; (+992)-981030361
Lola.yunusova.1995@mail.ru

Халилова Муқаддас Иброҳимхоновна

Мутахассиси пешбари шуъбаи таълим
(+992)-37-231-27-30; (+992)-904244682