ФАКУЛТЕТИ ТЕХНОЛОГИЯ ВА ИҚТИСОДИЁТ

         Таърихи факултети технология ва иқтисодиёт

     Факултети технология ва иқтисодиёт яке аз воҳидҳои сохтории коллеҷ ба ҳисоб рафта соли 2017 таъсис ёфтааст. Факултети технология ва иқтисодиёт фаъолияти кории худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Низомнома ва Оинномаи муассисаи таълимӣ ба роҳ мондааст. Факултет дорои 3- кафедра  мебошад. Дар факултет синфхонҳои таълимӣ тахасусӣ, ва озмоишгоҳ, ки бо таҷҳизотҳои замонави муҷаҳаз гардонида шудааст мавҷуд мебошад. Аз соли 2019 инҷониб роҳбарии факултет ба зиммаи муаллими калон Абидов Ҳ.А. гузошта шудааст.

     Имрўз дар факултет зиёда аз 57 нафар устодон дар 3 кафедра кафедра кафедраи гуманитарӣ, кафедраи табиию риёзӣ ва кафедраи технологияи иттилооти ва дизайн ба фаъолияти илмӣ-омузгорӣ машғуланд. Устодони факултет маҳсули кори хешро дар тайёр кардани садҳо мутахасисону омўзгорон, даҳҳо кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мебинанд.

   Аз байни устодону шогирдони факултет, кормандони шоистаи илм, аълочиёни маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони идораҳои давлатӣ, роҳбарони муассисаҳои давлатӣ, вакилони халқ ва ғайраҳо ба камол расидаанд.

      Дар факултет 5- озмоишгоҳи таълимӣ арзи вуҷуд дорад. 

 

Абидов Ҳасан Атоевич

Муаллими калон, декани факултети Технология ва Иқтисодиёт
Тел: 909-29-12-78
Email: hasan.a_1978@mail.ru

Факултети технология ва иқтисодиё аз рўи ихтисосҳои зерин мутахасис тайёр менамояд.

 

  • 2-400101 – Таъмини барномавии технологияи     иттилоотӣ
  • 2-270131.24 — Иқтисодиёт ва ташкил дар соҳаи туризм
  • 2-490101.05 – Технологияи маҳсулоти қаннодӣ
  • 2-080101.38 – Таълими касбӣ (Саноати сабук дузандагӣ)
  • 2-690101.06  –  Меъмории ландшафтӣ

ДАСтовардҳо