ФАКУЛТЕТИ МУҲАНДИСИЮ ОМӮЗГОРӢ

       Таърихи факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣ

     Факултети муҳандисӣ-омӯзгори яке аз воҳидҳои сохтории коллеҷ ба ҳисоб рафта соли 2014 таъсис ёфтааст. Факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣ фаъолияти кории худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Низомнома ва Оинномаи муассисаи таълимӣ ба роҳ мондааст. Факултет дорои 2- кафедраи тахассусӣ мебошад. Дар факултет синфхонҳои таълимӣ тахасусӣ, ва озмоишгоҳ, ки бо таҷҳизотҳои замонави муҷаҳаз гардонида шудааст мавҷуд мебошад. Аз соли 2019 инҷониб роҳбарии факултет ба зиммаи муаллими калон Давлатов З. А. гузошта шудааст.

    Имрӯз дар факултет зиёда аз 31 нафар устодон дар 2 кафедра кафедра кафедраи автомобил ва мошинсозӣ ва кафедраи саноатию сохтмонӣ ба фаъолияти илмӣ-омузгорӣ машғуланд. Устодони факултет маҳсули кори 6 солаи хешро дар тайёр кардани садҳо мутахасисону омӯзгорон, даҳҳо кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мебинанд.

     Аз байни устодону шогирдони факултет, кормандони шоистаи илм, аълочиёни маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони идораҳои давлатӣ, роҳбарони муассисаҳои давлатӣ, вакилони халқ ва ғайраҳо ба камол расидаанд.

Давлатов Заъфар Амирович

Муаллими калон, декани факултети Муҳандисӣ-омӯзгорӣ
Тел: 918.48.95.65
Email: zafardavlatov@mail.ru

Факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣ
аз рӯи ихтисосҳои зерин мутахасис тайёр менамояд.

  • 2-430103 — Таъминоти барқ
  • 2-080101.01-Таълими касбӣ (Мошинсозӣ)
  • 2-080101.05 -Таълими касбӣ (Сохтмон)
  • 2-080101.31-Таълими касбӣ (Нақлиёти автомобилӣ)
  • 2-700431-Таҷҳизоти санитарӣ-техникии биноҳо ва иншоот
  • 2-080101.42 -Таълими касбӣ (Корҳои кишварзӣ)

     Факултет дорои шароитҳои муосири моддиву техникӣ буда, имкониятҳои зарурӣ барои пешбурди фаъолият дар он мавҷуданд.Дар факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣ дар ду шуъба шуъбаи рӯзона ва шуъбаи ғоибона дар ду замина заминаи баъди синфи 11 сесола ва заминаи баъди синфи 9 чорсола довталабон аз руйи ихтисосҳои зерин қабул карда мешаванд:

Дар заминаи синфи 11 довталабон аз руйи ихтисосҳои зерин:

  • 2-430103-(Таъминоти барқ)
  • 2-080101.01-Таълими касбӣ: (Мошинсозӣ)
  • 2-080101.05-Таълими касбӣ: (Сохтмон)
  • 2-080101.31-Таълими касбӣ: (Нақлиёти автомо-билӣ)
  • 2-700431 (Таҷҳизоти санитарӣ-техникии биноҳо ва иншоот)
  • 2-270131.24 (Иқтисодиёт ва ташкил дар соҳаи ту-ризм)
  • 2-080101.42 Таълими касбӣ-техникӣ: (Корҳои кишо-варзӣ)

Қабули довталабон дар заминаи синфи 9 аз руйи ихтисосҳои зерин сурат мегирад:

  • 2-080101.01-Таълими касбӣ: (Мошинсозӣ)
  • 2-080101.05-Таълими касбӣ: (Сохтмон)
  • 2-430103-(Таъминоти барқ)
  • 2-080101.31-Таълими касбӣ: (Нақлиёти автомобилӣ)

Муҳлати таҳсил дар шуъбаи рӯзона ва ғоибона

       Муҳлати таҳсил дар шуъбаи рӯзона сe сол ва дар шуъбаи ғоибона чор сол буда, хатмкунандагон соҳиби маълумоти миёнаи касбӣ мегарданд. Донишҷӯёни шуъбаи рӯзона бо хобгоҳ ва идрорпулӣ (стипендия) таъмин карда мешаванд. Донишҷӯён Дар рафти таҳсил то синни 21-солагӣ мувофиқи фармони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ даъват карда намешаванд. Мувофиқи фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.10.2008 № 05/721801 хатмкунандагони факултет метавонанд, тариқи суҳбат ба муассисаҳои олии касбӣ дар курси 2-юм 3-юм дохил шаванд.

Гурӯҳҳои буҷавӣ ва шартномавӣ

     Дар факултет  239  нафар донишҷӯён  дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва 194  нафар донишҷӯён  дар гурӯҳҳои шартномавӣ  таҳсил доранд, ки аз ин теъдод  11 нафар духтар ва  422 нафарро писарон  ташкил  медиҳанд.

     Ҳар сол факултетро теъдоди муайяни донишҷӯён хатм мекунанд, ки дар байни онҳо донишҷӯёни гирандагони дипломи аъло низ кам нестанд. Аз ҷумла, соли таҳсили 2014-15 — 3 нафар, соли таҳсили 2015-16 — 1 нафар факултетро бо дипломи аъло хатм намуданд.

     Нақши факултет дар ташаккули аввалин таҳсилоти миёнаи касбии ва пешрафти илму тадқиқотҳои ҷумҳурӣ ниҳоят назаррас аст. Дастпарварони факултет аз рӯзи аввал дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ барои рушди ҷомеа нақши бориз гузоштаанд.

   Ҳамасола дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон олимпиядаи фанни доир мегардад, ки донишҷӯёни факултет  фаъолона иштирок менамоянд.

Гузарнидани семинар оид ба энергетика

     Омӯзгорон ва донишҷӯён дар корҳои ҷамъиятӣ, маъракаву чорабиниҳои гуногун, нишастҳои илмӣ фаъолона ширкат менамоянд. Соли 2019 омӯзгорону донишҷӯёни факултет дар маҳфилҳои фаннӣ саҳми ниҳоят баланд доштанд.

     Дар соли ҷорӣ  дар факултет 6 мизи мудаввар, 16 вохурӣ ва 12 семенар  дар  мавзӯҳои мубрами рӯз ташкил ва гузаронида шуд.

    Зикр кардан ба маврид аст, ки дар факултет устохонаи таълимӣ-истеҳсолӣ  пурра азнавсозӣ карда шуда, бо таҷҳизотҳои нави замонавӣ муҷаҳаз гардонида шуд.