Кафедраи «Автомобил ва мошинсозӣ» соли 2015-ум ҳамчун кафедраи фанҳои тахассусӣ таъсис дода шуд. Соли 2016 ба кафедраи «Автомобил ва мошинсозӣ» номгузори карда шуд. Дар кафедраи мазкур 10-нафар омўзгорони штатӣ ва 6 нафар омўзгорони соатбайъ фаъолият менамоянд. Дар кафедра 1-нафар н.и.п.,дотсент, 4-нафар муаллимони калон ва 12 –нафар ассистентон фаъолияти педагогӣ мекунанд. Аз соли 2016 ин ҷониб ба кафедраи «Автомобил ва мошинсозӣ» н.и.п..дотсент Сангов Нуриддин Набиевич роҳбарӣ мекунад.
Кафедра дорои кабинетҳои: «Сохти автомобил» ва «Геометрияи тасвирӣ ва графикаи муҳандисӣ» буда, дарсҳои амалиро дар базаи устохонаи таълимӣ –истењсолии коллеҷ , дар сехҳои :«Таъмири ќисмњои барандаи автомобил», «Таъмири муњаррикҳои автомобил», « Ташхис ва таъмири компютерии системаи барқии автомобилҳо », «Таъмири кузови автомобил» , «Рангубори автомобилҳо» «Таъмири камера ва шинаҳои автомобил», «Мувозинаткунии компютерии чархҳои автомобил» мегузаронад.
Пас аз хатми коллеҷ хатмкунандагон метавонанд тањсилоти худро дар шўъбаҳои ғоибонаи Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ , факултети «Технология ва иқтисодиёт»-и Донишгоҳи Давлатии омўзгории Тоҷикистон ва дигар донишгоҳҳо давом диҳанд.