Рабизода Наҷибулло 16-уми сентябри соли 1987 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Соли 2005 ба шуъбаи рӯзонаи факултети энергетикии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дохил шуда, онро соли 2010 аз рӯи ихтисоси “Электротаъминкунии шаҳрҳо” хатм намудааст. Оиладор соҳиби 3 фарзанд аст.

Рабизода Наҷибулло, дар вазифаҳои зерин фаъолият намудааст:

ассистенти кафедраи “Электротаъминкунӣ”-и коллеҷи техникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ (2010-2012), муаллими калони кафедраи “Электротаъминкунӣ”-и факултети энергетика ва телекоммуникатсия, И. в. декани факултети энергетика ва телекоммуникатсия (2013-2014), сардори офиси бақайдгирӣ (2014-2015), декани факултети энергетика ва техникаи тиббӣ (2015-2018) аз 12.12.2018 муовини директор оид ба корҳои таълимии коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе мебошад.

Рабизода Наҷибулло

Муовини директор оид ба корҳои таълимии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе, номзади илмҳои техникӣ.

Соли 2019 курси такмили ихтисос ва бозомузиро дар Донишкадаи ҷумҳуриявии таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Беларус гузаштааст. Барои фаъолияти пурсамар ва бенуқсон дар соҳаи омӯзгорӣ бо Сипосномаи Кумитаи Иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шудааст. Аз соли 2010 аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.