Гулмирзоева Саврибегим  Қурбоналиевна 27 ноябри  соли 1966  дар оилаи  қоргар дар   ноҳияи Ишкошим ба дунё омадааст. Солҳои 1974 – 1984  дар мактаби миёнаи раками 12 –и деҳаи Туғгоз  таҳсили намуда  онро соли 1984  бо баҳои хубу аъло хатм намудааст.

     Соли 1986 баъд аз хатми мактаби миёнаи рақами 12-и деҳаи Туғгоз  ба Донишгоҳи  давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко  дар факултети забон ва адабиёти тоҷик дохил шуда, соли 1991 онро хатм намуд.Аз соли 1991 то инҷониб  дар соҳаи маориф  кору фаъолият намуда истодааст.

         Оиладор, соҳиби як фарзанд

       Бо Ифтихорномаҳои Вазорати корхои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сипосномаҳои  Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ва Аълочии соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шудааст.

ГУЛМИРЗОЕВА САВРИБЕГИМ ҚУРБОНАЛИЕВНА

Ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ