МАЪРУЗА

 Муҳтарам меҳмонон, омӯзгорон ва донишҷӯёни гиромӣ, Шуморо бо фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз самими қалб табрику муборакбод намуда, дар фаъолияти илмӣ-омӯзгориатон пешравиҳо, дар донишомӯзӣ муваффақиятҳо ва дар зиндагиатон рӯзгори осоиштаро таманно дорам.

Бо ибтикори Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23.02.2010 дар 64-умин Маҷмааи Умумии Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз» ба тасвиб расид.

Боиси ифтихор аст, ки ин қатънома аз тарафи ин созмони бонуфуз қабул гардид. Дар қатънома гуфта шудааст, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21-уми март ҳамчун «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» таҷлил гардад.

Мувофиқи қарори СММ, ҳамасола ҷашни Наврӯзро дар тамоми давлатҳои ҳайати СММ буда, ҷашн мегиранд. Наврӯз аз бузургтарин ҷашнҳои мардумони ориёитабор, ба шумор меравад, ки ба фарҳанги қавму миллатҳои дигари Осиёи Марказӣ низ бо ҳамин ном гузаштааст.

Ҷашни Наврӯз нишебу фарозҳои таърих, ҳаводиси сиёсию иҷтимоӣ ва маънавиҳои зиёдеро паси сар карда, то ба имрӯз омада расидааст. Ҷашни Наврӯзи хуҷастапай дар Ҷумҳурии Тоҷикистонр ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.

Тавре, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Наврӯз падидаест, ки аз ҷониби худи табиат барои аҳли сайёраи Замин тақдим шудааст».

Наврӯз -ҷашни Соли Нави мардумони ориёитабор аст, ки ҳангоми баробар шудани шабу рӯз дар нахустин рӯзи баҳор ва солшумории хуршедӣ (1-уми фарвардин ё ҳамал ё 21-уми марти солшумории мелодӣ) фаро мерасад. Аз ин рӯ, Наврӯзро «Ҷашни сари сол» низ меноманд. Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст.

Абурайҳони Берунӣ донишманд ва олими қарни даҳ дар китоби машҳури худ «Осор-ул-боқия» навиштааст, ки «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағирнопазир аст» ва дар китобаш «Ал-тафҳим» менависад, ки «Нахустин рӯ»з аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷихдт рӯзи нав кардаанд, зеро, ки нишонии соли нав аст».

Сабаби ном ниҳодани Наврӯз он будааст, ки Офтобро ду давр буда як даври он, ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯз аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи ҳамал боз ояд ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан. Ва чун Шоҳ Ҷамшед он рӯзро дарёфт «Наврӯз» ном ниҳод ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд.

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми мо ба ҳисоб рафта, дорои таърихи зиёда аз панҷ ҳазорсола мебошад. Дар таърихи фарҳанги мардуми ориёитабор ҳеҷ як анъана ва расму ойине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму ойин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъанаҳои ниёгон мебошад.

Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу руз дар баҳор мебошад. Наврӯз ҷашнест, ки тамоми табиатро зинда менамояд, барзгарон дар ин моҳ ба кишт кардан оғоз мекунанд.

Аз нигоҳи илми ситорашиносӣ Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи ҳамал ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, Соли нав фаро мерасад. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ Наврӯзро дар авали моҳи Фарвардиняшт, ки бо солшумории имрӯзаи мо ба моҳи март рост меояд, ҷашн мегиранд.

Наврӯз маросимҳои зиёде дорад, ки ба ҷо овардани онҳо дар таҷлили ҷашн ҳатмӣ шуморида мешаванд. Ба ғайр аз ин дар маросими ҷашнӣ оро додани дастархони наврӯзӣ бо «ҳафтсин» ва «ҳафтшин» маъмулу ҳатмӣ мебошад. Ва ҳар як ашёе, ки болои дастархон гузошта мешавад ба худ рамзҳои махсусеро доро мебошанд.

Дар фарҷоми табрикот ба Шумо меҳмонон ва ҳозирини гиромӣ сиҳатмандию саодатмандӣ, бурдборию хонаободӣ таманно дорам.

 

Наврӯзатон фирӯз бод!

 

Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!