БАХШИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ

                                                БАХШИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ

      Самти фаъолияти бахш. Баъд аз тасдиқ гардидани сохтори нави Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе бо фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.09.2018 ва дар мувофиқа бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зерсохтори Шуъбаи таълими муассиса Бахши таҷрибаомӯзӣ таъсис дода шуд, ки бахш иборат аз се воҳиди корӣ мудир, сармутахассис ва мутахассиси пешбар мебошад. Дар муассиса асосан бахши таҷрибаомӯзӣ бо мақсади дар амал тадбиқ намудани донишҳои амалӣ назорат, ташкил ва рафти гузаронидани таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ, истеҳсолӣ, технологӣ, омӯзгорӣ ва пешаздипломии донишҷӯён мувофиқи нақшаи таълимӣ таъсис дода шудааст.

        Бояд зикр намуд, ки раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯён қисми таркибии барномаи асосии таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ба ҳисоб меравад. Ба ғайр аз ин таҷрибаомӯзӣ ҳамчун ҷузъи муҳими иҷро намудани талаботи нақшаи таълимӣ аз рӯйи самт (ё ихтисос)- ҳои амалкунандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ муқаррар карда шуда, бевосита дар давоми соли таҳсил ташкил ва гузаронида мешавад.

       Бахш асосан донишҷӯёнро мувофиқи теъдоди соатҳои дар нақшаи таълимӣ мавҷуда ба корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳо ва дигар ширкату ҷамъиятҳои саҳҳомӣ вобаста ба самти фаъолияти касбии донишҷӯён аз рӯи мавҷудияти шартномаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ оиди гузаронидани таҷрибаомӯзӣ сафарбар менамояд.

РАҲМОНОВ УМАРХОН ҒУЛОМАЛИВИЧ

Сардори бахши таҷрибаомӯзӣ
Тел: 905-40-46-40

Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқие, ки фаъолияти бахш ва таҷрибаомӯзиро танзим менамояд.

      Бахши таҷрибаомӯзӣ фаъолияташро аз рӯи қонун ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии зерини соҳаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд:

  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ»;
  • Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Низомномаи намунавӣ оид ба таҷрибаомӯзии таълимии донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Оинномаи Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе”;
  • Нақша ва барномаҳои таълимӣ;

Ҳамкориҳои дуҷониба бо муассисаҳои таълимӣ, корхона ва ташкилотҳо.

     Яке аз вазифаҳои муҳими бахши таҷрибаомӯзӣ бастани шартномаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ байни муассисаҳои таълимӣ ва корхонаю ширкатҳо ҷиҳати гузаронидани таҷрибаомӯзӣ ва баланд бардоштани савияи дониши амалӣ мебошад. Шартномаҳои ҳамкорӣ барои ҳамкории дуҷониба ва гузаронидани таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ, истеҳсолӣ, омӯзгорӣ, технологӣ ва пешаздипломӣ мусоидат менамояд.

    Донишҷӯён аз рӯи ихтисосашон ба корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳо ва ширкату ҷамъиятҳои саҳомии зерин тибқи шартнома сафарбар карда мешаванд: 2-080101.01-Таълимоти касбӣ (Мошинсозӣ) – ҶСК «Сомон сервис», ҶДММ «Нақлиётгаз-2004», ҶДММ “Дизел” ва устохонаҳои таълимии коллеҷ; 2-080101.05-Таълимоти касбӣ (Сохтмон) – КВД Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ, 2-080101.38-Таълимоти касбӣ (Саноати сабук-Дӯзандагӣ) — ҶСК «Гулистони Душанбе», ҶДММ «Ёқут-2000», Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон инчунин дар устохонаи дӯзандагӣ ва устохонаи технологияи истеҳсолоти дӯзандагии коллеҷ ихтисосҳои 2-080101.31-Таълимоти касбӣ (Нақлиёти автомобилӣ)- ҶСК «Сомон сервис», ҶДММ «Нақлиётгаз-2004»,  ҶДММ “Дизел” ва устохонаҳои таълимии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе; 2-400101 ТК Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ- Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе; 2-690101.06 ТК Меъмории ландшафтӣ — МД “Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи С. Айнӣ”, МД “Боғи устод Рӯдакӣ”, ҶДММ “Нишони тоҷик”, Ташкилоти ҷамъиятии ҳаваскорони гулпарвар; 2-430103 ТК Таъминоти барқ- ҶСК «Шабакаҳои барқии ш. Душанбе»; 2-270131.24 ТК Иқтисодиёт ва ташкил дар соҳаи туризм — КВД «Меҳмонхонаи Душанбе», Муассисаи сайёҳии «Сайру саёҳат»-и Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар корхонаҳои соҳавӣ, 2-700431 ТК Таҷҳизоти санитарӣ-техникии биноҳо ва иншоот — КВД «Обу корези ш. Душанбе».

     Бояд ҳаминро қайд намуд ки, сараввал ба донишҷуён конфронси омӯзишӣ дар мавзӯъи «Ҳолат ва рафти гузаронидани таҷрибаомӯзӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳо ва дигар ширкату ҷамъиятҳои саҳҳомӣ» аз тарафи масъулони бахши таҷрибаомӯзӣ ташкил ва гузаронида мешавад.

 

КОРМАНДОНИ БАХШ

АКРАМОВА НАРГИС КАМОЛИДДИНОВНА

Сармутахассис

МАДАМИНОВ ЮСУФ АБИБУЛЛОЕВИЧ

Мутахассиси пешбар