ШУЪБАИ КАДР

      Шуъбаи кадрҳо, корҳои махсус ва бойгонӣ (минбаъд Шуъба) воҳиди таркибии сохтори муассиса буда, барои ҳалли масъалаҳои кадрӣ, ки қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ муқаррар намудааст, масъул мебошад ва бевосита ба роҳбари муассиса итоат менамояд.

     Шуъба бо мақсади татбиқи сиёсати кадрӣ дар муассиса риоя ва иҷрои талаботи қонунгузорӣ ба ташкили кор барои интихоби кадрҳо, ҷобаҷогузорӣ, истифодаи мутахассисону кормандон, такмили ихтисоси кормандон, ташкили захираи кадрҳо ва низоми баҳисобгирии кадрҳо масъул мебошад.

    Сохтор ва теъдоди воҳидҳои кории шуъбаро тибқи тартиби муқарраргардида директори муассиса муайян ва пешниҳод намуда аз тарафи муассис тасдиқ карда мешавад

МИРМАДОВ ШЕРМАД МИРМАДОВИЧ

Сардори шуъба

                                                                       Ташкили фаъолияти шуъба

     Шуъба бо дарназардошти амалисозии вазифаҳои муассиса ташкил карда шуда, сохтори он аз 4 (чор) воҳиди кории зерин иборат аст:

       -сардори шуъба–1 нафар;

       -сармутахасассис (ҳуқуқшинос)–1 нафар;

       -мутахассиси пешбар–1 нафар;

       -мутахассис(бойгонӣ)–1 нафар.

       Сардори шуъба бо фармоиши директори муассиса ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Сардори шуъба барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи шуъба гузошташуда масъул буда, дар назди директори муассиса ҳисоботдиҳанда мебошад.

                                                                 Самти фаъолияти шуъба

     -татбиқи сиёсати кадрии муассиса дар воҳидҳои сохтории он;

     -бо мақсади такомули самарабахшии фаъолият омода намудани пешниҳодот доир ба ташаккул додани сиёсати кадрии муассиса;

    -мувофиқати касбии ҳар як корманд ба вазифаи ишѓолкардааш, фароҳам овардани шароити зарурӣ баҳри инкишофи қобилиятнокӣ ва қонеъ гардонидани талаботи ҳар як корманд;

   -муайян намудани талаботи ҷорӣ ва банақшагирии талаботи дурнамо оид ба кадрҳо, қонеъ гардонидани онҳо дар асоси сохторҳои иҷтимоию демографӣ, касбию тахассусии кормандон, тарбияи мутахассисон бевосита дар муассисаҳои таълимӣ;

     -таҳияи низоми ишѓоли ҷойҳои корӣ, истифодаи усулҳои илмии омўзиши сифатҳои корӣ ва касбии кормандон ҳангоми интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва банақшагирии болоравии тахассуси онҳо;

        -ба кормандону омўзгорон оид ба масъалаҳои кадрии ба миёномада маслиҳатҳо медиҳад;

    -мактубу аризаҳ ва дархосту шикоятҳои ба шуъба воридшударо саривақт дида баромада, ба муаллифон ҷавоб омода менамояд;

       -ташкили захираи амалкунандаи кадрҳо дар тамоми зинаҳои идоракунӣ ва мақсаднок тайёр кардани онҳо аз рўи нақшаи алоҳида;

      -интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои маъмурӣ–идоракунӣ, илмӣ, педагогӣ, муҳандисӣ, техникӣ;

  -ба расмият даровардани (фармоишҳои қабул, ҷойивазкунӣ ва хориҷ намудани кормандон) фармоишҳои директор;

   -ба низом даровардани парвандаҳои шахсии омӯзгорон, кормандони маъмурӣ ашхоси ёрирасони корҳои таълимӣ ва хоҷагидорӣ;

      — омода намудани ҳисоби омории ҳайати кадрии муассиса ва такмили ихтисоси онҳо;

     -иштирок дар комиссияи аттестатсионӣ;

      -тайёр намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои кормандоне, ки ба сафари хидматӣ фиристода мешаванд;

     -омода сохтани парвандаҳои шахсии кормандон ва маълумотномаҳои зарурӣ дар бораи онҳо;

     -тайёр намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои муқаррар намудани нафақаи синусолӣ;

   -омода ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои кормандон барои сарфароз гардонидан бо мукофотҳои соҳавӣ ва давлатӣ.

    -иҷрои корҳо оид ба мутобиқгардонии касбии кормандони нав, омўзиши сабабҳои ҷойивазкунии кадрҳо, тамоюли таѓйирёбии ҳайати кадрӣ, коркард ва пешниҳоди чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани савияи касбии кормандон;

      -назорати иҷрои санадҳои меёрию ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои кадрӣ;

     -нигаҳдорӣ ва пур кардани дафтарчаҳои меҳнатӣ ва танзими ҳуҷҷатҳои дигари кадрӣ;

     -таҳияи гузориш роҷеъ ба масъалаҳои кадрӣ;

   -дуруст тартиб додан ва ҳифзи маълумотҳои баҳисобгирии парвандаи шахсӣ ва дафтарчаҳои меҳнатиро таъмин менамояд;

    -ҳамкорӣ бо Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии маҳалли ҷойгиршавии муассиса оид ба масъалаҳои ҷойҳои кори холӣ ва дигар масъалаҳои кадрӣ;

    -пешниҳод намудани вмаълумот оид ба ишѓоли вазифаҳои ҳайати профессорону омўзгорон ва мудирони кафедраҳо, ки дар асоси озмун ба роҳ монда мешавад;

       -мустаҳкам намудани интизоми меҳнат, фароҳам овардани шароитҳои мусоиди корӣ дар корхона;

   -тартиб додани нақшаи қабули ҳуҷҷатҳо аз шуъбаҳо, бахшҳо, кафедраҳо, факултетҳо ва дигар воҳидҳои сохторӣ ба бойгонии муассиса;

      -коркарди ҳуҷҷатҳои шахсии донишҷўён, омӯзгорону кормандони муассиса ва кушодани қайди онҳо дар бойгонӣ;

     -санҷиш ва ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳои воҳидҳои сохторӣ дар бойгонӣ тибқи дастурҳои амалкунанда;

   -тартиб додани санад оиди аз эътибор соқит донистан ва нобуд кардани ҳуҷҷатҳои мўҳлаташон ба охир расида;

     -коркард, тартиби рўйхат ва рақамгузории ҳуҷҷатҳои мавҷудаи бойгонӣ;

     -ирсоли ҳуҷҷатҳои доимнигоҳдоранда ба бойгонии марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

     -дар ҳолати хуби санитарӣ нигоҳ доштани утоқҳои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо;

  -қабули корҳои лоиҳаҳои дипломӣ ва қабули корҳои курсӣ ва лоиҳаҳои курсӣ аз кафедраҳо ва факултетҳо;

    -ҷудо кардан, ба тартиб даровардан ва пурра намудани ҳуҷҷатҳое, ки ба бойгонӣ супорида мешаванд ва тартиб додани маълумотнома ба онҳо;

    -назорат оиди сари вақт ба бойгонӣ супоридани маводҳо ва ҳуҷҷатҳо аз тарафи дигар сохторҳои муассиса.

МУҲАММАДФАРИДИ ҶАМШЕД

Сармутахассис (ҳуқуқшинос)-и шуъба

НАЗАРОВА САЙЁҲАТ МУҲМАНАЗАРОВНА

Мутахассиси пешбари шуъба

ОЛИМОВ СУҲРОБҶОН ОЛИМОВИЧ

Мутахассис (бойгонӣ)-и шуъба