БАХШИ УМУМӢ

     Бахш воҳиди таркибии сохтори муассиса буда, барои ҳалли масъалаҳои коргузорӣ, ки қонунгузорӣ муайян намудааст, фаъолият менамояд.

       Ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки ба муассиса ворид мегарданд, дар Бахши умумӣ ба қайд гирифта мешаванд. Ҳуҷҷатҳои воридшуда дар дафтарҳои шаклашон муайянгардида қайд карда мешаванд. Ҳуҷҷатҳои таъҷилӣ бе навбат ба қайд гирифта шуда, мувофиқи супориши директори муассиса, фавран ба шахсони масъул расонида мешавад. Ҳуҷҷатҳои боқимонда дар давоми рӯз аз ҷониби Бахши умумӣ ба иҷрокунандагон расонида мешаванд.

       Шумораи воҳидҳои корӣ ва сохтори Бахшро тибқи тартиби муқарраргардида директори муассиса муайян ва пешниҳод намуда аз тарафи муассис тасдиқ карда мешавад.

     Бахш бо дарназардошти амалисозии вазифаҳои муассиса ташкил карда шуда, сохтори он аз 2 (ду) воҳиди кории зерин иборат аст:

          — сардори Бахш – 1 нафар;

          — сармутахассиси Бахш- 1 нафар

     Кормандони Бахш бо фармоиши  директори муассиса ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

     Бахшро сардор роҳбарӣ мекунад. Сардори Бахш барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Бахш гузошташуда масъул буда, дар назди директори муассиса ҳисоботдиҳанда мебошад.

Назаралиева Гулрафтор Абдулқосимовна

Сардори бахши умумӣ

                                                                          Самти фаъолияти Бахш

      — масъалаҳои коргузориро ба роҳ монда, муҳлати иҷрои ҳуҷҷатҳои воридоти ва содиротиро назорат намояд; 

      — аз дигар воҳидҳои сохторӣ оид ба иҷрои ҳуҷҷатҳо, пешниҳоду аризаҳои донишҷӯён, омӯзгорон ва шаҳрвандон ҳисобот талаб намояд;

    -инчунин дигар ҳуқуқҳоеро, ки санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва дастурамали вазифавии онҳо муайян намудааст, амалӣ намояд.  

Бахш дорои вазифаҳои зерин мебошад:

       — ба роҳ мондани коргузорӣ дар Бахш тибқи талаботи Дастурамали коргузории муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе»  ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда; 

        -ташкили дурусти ҳисоб ва бақайдгирии мактубҳо;

       -назорати иҷрои саривақтии ҳуҷҷатҳо ва фармоишҳои мақомотҳои болоӣ, фармоишҳои роҳбарияти муассиса ва аризаю пешниҳодҳои донишҷӯён, омӯзгорон ва шаҳрвандон; 

     — ташкил ва ба роҳ мондани тарзи дурусти ҳуҷҷатнигорӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои муҳлатҳои истифодабариашон ба итмомрасида;

     — ташкил ва зери назорат гирифтани масъалаҳое, ки пурра ҳаллу фасл шудаанд ва муҳлати иҷроишашон ба итмом расидааст;

          — пешниҳоди маълумотнома ба директории муассиса оид ба воридот ва содироти ҳуҷҷатҳо;

       — бақайдгирии саривақтӣ, ҳисобу ҷобаҷогузорӣ ва ба роҳбарияти муассиса  пешниҳод намудани ҳуҷҷату аризаҳои донишҷӯён, омӯзгорон, кормандон ва шаҳрвандон ва назорати доимӣ аз болои иҷрои онҳо; 

        — бо фармоишу дастурҳо шинос намудани кормандони муассиса;

        — кӯмаки методӣ оид ба тарзи коргузорӣ ба сохторҳои дигари муассиса;

      — пешниҳоди мушаххас оид ба такмили ҳуҷҷатнигорӣ, ворид сохтан ва истифода бурдани технологияи нав дар Бахш.

Ҳалимова Оишамо Сайфулоевна

Сармутахассиси бахши умумӣ