Ализода Алишер Ҳикматулло  7-уми ноябри соли 1983 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Соли 2001 ба шӯъбаи рӯзонаи факултети  технология ва соҳибкории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дохил шуда, онро соли 2006 аз рӯи ихтисоси технология соҳибкорӣ, механиконии кишоварзӣ хатм намудааст. Оиладор соҳиби се фарзанд мебошад.

        Ализода Алишер Ҳикматулло, дар вазифаҳои зерин фаъолият намудааст: ассистенти кафедраи соҳибкорӣ ва иқтисодиёти  факултети технология ва соҳибкории ДДОТ ба номи С. Айнӣ  (2006-2011), раиси Шӯрои кураторон (2008-2010), муовини декан оид ба таълими факултети мазкур (2009-2017), муаллими калони кафедраи механикаи техникӣ ва нақшакашӣ (2010-2012), н.и.п муаллими калони кафедраи механикаи техникӣ ва нақшакашӣ (2012-2015), дотсенти кафедраи технология, дизайн ва нақшакашӣ, (2015-2017), мудири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти ДДОТ ба номи С. Айнӣ  (2017-2018),  ва аз 03.01.2018 директори Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе мебошад.

АЛИЗОДА АЛИШЕР ҲИКМАТУЛЛО

Директори Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент