Санаи 01.05.2024 омӯзгоронзанон ва донишҷӯдухтарони Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе бо мақсади эҳёи фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, посдории оину анъанаҳои муқаддаси миллат ва тақвият додани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ дар даври ҷумҳуриявии Фестивали «Сайри гули лола», ки дар Муассисаи давлатии Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе, ташкил ва баргузор карда шуд, фаъолона иштирок намуданд.
Арҷ гузоштан ба либоси миллӣ ин нишонаи эҳтиром доштан ба таъриху фарҳанги хеш мебошад. Боиси ифтихор аст, ки миллати фарҳангсолори тоҷик фарҳанги чандинҳазорсола дорад ва нақшу нигори миллӣ яке аз рамзҳои созандаю рангинкамон аст, ки дар либоси миллӣ аз қабили атлас, атрас ва чакан иниъикос гардида, пояи фарҳанги миллат ба шумор меравад.
Қобили зикр аст, ки ҷиҳати ҳифзи фарҳангу либоси миллӣ омӯзгорзанон, бонувон ва донишҷӯдухтарони Коллеҷ ҳар ҳафта дар аксияи «Тоҷикона мепӯшем», ки бо ибтикори роҳбарияти муассиса ташкил ва баргузор мегардад иштирок намуда, пайваста ба он мекӯшанд, ки дар ташвиқу тарғиб ва ҳифзу муарриффии либоси милии тоҷикона саҳми босазои худро гузоранд.