ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ОМИЛИ ТАКОНДИҲАНДАИ РУШДИ ИЛМИ ИМРӮЗАИ ТОҶИК
    Халқи тоҷик, ки аз давраҳои пеш бо ободкориву созандагӣ, давлатсозиву давлатдорӣ ном баровардааст ва баҳри ба даст овардани мустақилият, эъмори давлати соҳибихтиёри худ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ҷоннисориҳои зиёд низ кардаву муборизаҳо бурдааст.
    Таърих гувоҳ аст, ки пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҳаёти мардуми тоҷик ба марҳилаи нав ворид гардид. Халқи тоҷик пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ орзуи ташкил намудани давлати мустақил ва соҳибистиқлолро дошт. Вале ин шодмонӣ дер давом накард ва бо дахолати душманон миллати тоҷик дар давлати навбунёди худ ба ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шуд. Таъсири қувваҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ боиси сар задани ҷангӣ бародаркуш ва марги ҳазорҳо тан мардуми ватандӯст, инчунин ҳисороти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ гашта, мамлакатро ба қонуншиканию бесарусомониҳо оварда расонид.
    Пароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро маҳз бо шарофати ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи сартосарӣ, хиради азалии мардуми тоҷик ва саъю талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистем пешгирӣ намоем. Ваҳдати миллӣ барои мардуми сулҳдӯст, фарҳангпарвар, тамаддунофар ва созандаю бунёдкори мо дар баробари истиқлолият неъмати бебаҳо ва муқаддас аст.
    Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ омили шукуфоии ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, ҳуқуқу озодиҳои инсон риоя ва рушди илму маориф таъмин карда мешавад.
    Маҳз сиёсати оқилона, дурнадешӣ, садоқат ва сулҳхоҳии Пешвои миллат боис шуд, ки моҷароҷуӣ ва нофаҳмоиҳо дар кишварамон хомӯш гардида, суботу амният ва сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ таъмин шуд. Имрӯзҳо иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши СММ ва бисёр давлатҳои олам гадидааст.
Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ ва сулҳу ваҳдат пойдор аст.
    Мо – тоҷикону тоҷикистониён бояд дар атрофи Сарвари дурандеши худ-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, бо меҳнати софдилонаю содиқонаамон ватани азизамон Тоҷикистонро обод гардонем.
  Имрӯз мо бояд сулҳу ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ва сарвати бебаҳо ҳифз намоем, ба қадру манзалати истиқлол ва давлатдории мустақилона расем, худро ҳамтақдир ва ҳаммароми миллати хеш донем ва аз неъмати бузурги Ватану ватандорӣ ифтихор намоем. Ҳифзи дастоварди нодир ва таърихии халқамон, яъне ваҳдати миллӣ вазифаи муҳимтарини тамоми мардуми Тоҷикистон аст.
   Пешвои миллат бамаврид таъкид мекунанд, ки “… рӯйдодҳои манфии ҷаҳони имрӯза, аз қабили ифротгароии динӣ, терроризм, экстремизми динӣ боиси осебпазир гардидани амният ва Ваҳдати миллӣ мегардад”.
   Дар ин асно мардуми мо, ки азияти ин фоҷиаҳоро аллакай кашидаанд, бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, ба дасисаву фиреби доираҳои манфиатҳои бегона, тундраву ифротгаро фирефта нагарданд. Таҳким бахшидани Ваҳдати миллӣ ва муътадил нигоҳ доштани фазои сиёсиву мафкуравии ҷомеаро тамоми мардуми кишвар сармашқи фаъолияти худ қарор диҳанд.
    Дар замони ҷаҳонишавӣ, авзои ноороми ҷаҳони муосир, манфиатҷӯии абарқудратҳо моро водор месозад, ки ба таври мунтазам ва мақсаднок тарғибу ташвиқ намудани ғояи Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро амри заруриву ҳаётӣ ҳисобем.
   Ҳамин тариқ, мардуми кишвар бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон баҳри таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ҷаҳду талош доранд, ки асоси ин ҳама дастоварду муваффақиятҳо аз ҳамдигарфаҳмиву Ваҳдати воқеии сокинони кишвари мо гувоҳӣ медиҳад. Имрӯз аҳли зиё, омӯзгорону донишмандон, муассисаҳои таълимӣ ва падару модарон вазифадоранд, ки барои таъмини сулҳу субот ва пойдории Ваҳдати миллӣ ҷиҳати омода намудани мутахассисони ботаҷриба, худогоҳу хештаншинос, бомасъулият ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир камари ҳиммат баста, тамоми донишу таҷрибаи худро дар ин самт истифода намоянд.
   Ҳар як нафаре, ки имрӯз бо нигоҳи нек ва кӯшишу ғайрати намунавӣ бо омӯзиши илму ҳунар машғул аст, оғоз аз азхудкунии фанҳои таълимӣ ва ҳосил намудани ҷаҳонбинии базавии илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, баъдан бо ҷустуҷӯи донишҳои нав дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва ниҳоят дар роҳи пажуҳиши беканори илмӣ дар таҳқиқотҳои оянда – табиатан ҳифзкунандаи сулҳу субот мебошад. Зеро муҳите, ки дар он шахси босавод ва боҳунару бофарҳанг арзи вуҷуд ва рушд карда метавонад – танҳо фазои сулҳу оромӣ аст. Табиати олим ва ҳунарманди ҳақиқӣ ба фазои бомаром ва машварати илмӣ ниёз дорад ва рушди системавии илму ҳунар низ танҳо дар фазои солими сулҳу оромӣ имконпазир аст.
   Алоқамандии фазои сулҳу оромӣ бо рушди системавии илму технология далели таърихӣ дорад. Насли босавод, ки дар сохтори ҷамъиятии солим ва ободу ором ба воя мерасад, баҳри рушд ва таъмини ояндаи дурахшони хеш кӯшиш менамоянд, то сулҳу субот ва ваҳдату ягонагии ватан-модаре, ки ӯро ба чунин дараҷаҳои илму маърифат расонидааст – на танҳо устувории худро нигоҳ дорад, балки рӯз аз рӯз боз ҳам тавоно гардад. Барои ҳар фарди бофарҳангу донишманд ҷиҳати рушди малакаи хеш, омода намудани шогирдон ва тарбияи фарзандони солим, танҳо муҳити ҷомеаи босубот лозим аст.
Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Ваҳдати миллӣ илму маориф дар сиёсати Ҳукумати мамлакат мавқеи меҳварӣ дорад ва олимону ихтироъкорон ва омӯзгорону зиёиён неруи созандаву пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд.
   Бо дарназардошти гардишҳои ҷаҳони муосир бармеояд, ки ба пуррагӣ фаро гирифтани насли наврас ва ҷавонон бо таълиму тарбияи босифат, равона намудани захираҳои кишвар ба рушди илму технологияҳои муосир яке аз самтҳои муҳими стратегӣ ҳисоб меравад.
   Боиси фараҳмандии мо, кормандони соҳаи илму маориф аст, ки ба таъсири бениҳоят харобиовари воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта нигоҳ накарда, ба Ҳукумати кишвар таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати- миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид системаи таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавононро дар муддати кӯтоҳ барқарор ва рушд намояд.
   Ҳукумату давлат ба заҳматҳои олимону кормандони соҳаи илм доимо таваҷҷӯҳ намуда, барои саҳми арзанда дар иқтисодиёт, илм, фарҳанг, адабиёт, фаъолияти босамари давлатӣ, ҷамъиятӣ ва эҷодӣ то имрӯз садҳо нафар олимони кишвар аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо ҷоизаҳо, унвонҳо ва мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардидаанд.
     Боиси қаноатмандии мо, кормандони илмӣ аст, ки Ҳукумати кишвар таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати –миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидо ба рушди илми ватанӣ аҳамияти хоса медиҳанд ва барои рӯз аз рӯз беҳтар шудани фазои илмии кишвар пайваста талош меварзанд. Солҳои охир олимони тоҷик дар рушди илм нақши вориз дошта, барои пешрафти он ва ворид намудани технологияи инноватсионӣ кору пайкор доранд. Набояд фаромӯш кард, ки илму олим дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи давлату ҷомеа буд.
    Рушду пешрафти кишвар бар пояи илму дониш, ихтироъкориву истеҳсол ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир асос ёфтааст. Бе илм наметавон кишварро аз буҳронҳои гуногун наҷот бахшид, миллат низ маҳз бо тамаддуну илми пешрафт ва нобиғаҳояш машҳур буду ҳаст.
    Ҳоло мо дар арафаи ҷашнгирии бистуҳафтумин солгарди Ваҳдати миллӣ, санаи муқаддаси таърихии кишвар қарор дорем, ки ин санаи муқаддас дар дили ҳар як фарди миллат равшанӣ ва умеди ояндаи некро замина гузоштааст.
    Ваҳдати миллӣ ва фазои созгори сулҳу сулҳу субот дар мамлакат тақозо менамояд, мо кормандони соҳаи илм ва робитаҳои хориҷӣ дастаҷамъона саъй ба он дошта бошем, ки аз раванди босуръати рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ ақиб намонда, наслҳои имрӯзу ояндаро барои омӯзиши дастовардҳои илмиву фаннӣ, техникаву технологияи навтарин раҳнамоӣ намуда, кадрҳои баландихтисосро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа омода созем.
    Таъмини сулҳу субот, ваҳдат ва таҳкими давлати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад ва ба ин хотир истиқлолу амнияти сарзамини аҷдодӣ бояд ҳифз гардад. Ин масъулияти бузургест дар назди наслҳои оянда.
Ҳусейнова Шаҳло Зариповна- Ҷонишини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе

Leave a Comment