Санаи 25.10.2023 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе чорабинии тантанавӣ – фарҳангӣ, бахшида ба ҷашни Меҳргон ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар чорабинӣ меҳмонон Суфиев Алишер Ҷаъмаевич -директори Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова, Амирбекзода Сино Амирбек-директори Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе, Сафарзода Ҳамза Сафар-директори Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе, роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯёни Коллеҷ иштирок намуданд.
Чорабиниро директори Коллеҷ н.и.т. муҳтарам Рабизода Наҷибулло оғоз намуда, қайд карданд, ки имрӯз мо дар остонаи ҷашне қарор дорем, ки аз заҳматҳои шабонарӯзии кишоварзон бо мақсади беҳдошти некуаҳволии мардум шаҳодат медиҳад. Роҳбари муассиса зимни суханронии хеш зикр намуданд, ки таҷлили иди Меҳргон ҳамасола дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Баргузории чорабинии тантанавии имрӯза аз эҳтиром ба муқадасоти миллӣ ва расму суннатҳои аҷдодии миллати тоҷик далолат медиҳад.
Мавсуф бо эҳтироми хоса баён намуданд, ки: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон қайд намудаанд, ки “Меҳргон яке аз кӯҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро, рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст”.
Дар рафти суханрониашон директори Коллеҷ иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати ин ҷашни аҷдодии миллати тоҷик шодбош гуфта, ба ҳамагон дастархони пур аз нозу неъмат ва ба Тоҷикистони азиз фазои ҳамешагии сулҳофарро таманно намуданд.
Чорабинӣ дар шакли озмун байни се даста: дастаи факултети технология ва иқтисодиёт бо номи “Дӯстӣ”, дастаи факултети муҳандисӣ-мӯзгорӣ бо номи “Файзи истиқлол” ва дастаи Шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо номи “Меҳргон” ташкил ва баргузор гардида, дастаҳо аз рӯи шартҳои Низомномаи озмун қувваи адабию фарҳангии хешро санҷиданд.
Дар рафти баргузории чорабинии тантанавии фарҳангӣ донишҷӯён бо рақсҳои ҷазоби тоҷикона, сурудҳои хушсадо, намоиши либосҳои миллӣ, хондани шеърҳо, марбут ба ин ҷашни миллӣ байни дастаҳо рақобат намуданд.
Ҳайати ҳакамон, ки аз ҳисоби маъмурияти Коллеҷ таъсис дода шуда буд, ба баромади намояндаҳои дастаҳо аз рӯи шартҳои озмун баҳогузорӣ намуданд. Тибқи хулосаи ҳакамони озмун ҷойи якум бо гирифтани 139 хол ба дастаи “Дӯстӣ”-и факултети технология ва иқтисодиёт, ҷойи дуюм бо гирифтани 137 хол ба дастаи “Файзи истиқлол”-и факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣ, ҷойи сеюм бо гирифтани 120 хол ба дастаи “Меҳргон”- и шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ лоиқ донисташуда, аз ҷониби маъмурияти Коллеҷ бо “Ифтихорнома” сазовор гардонида шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ директори Коллеҷ муҳтарам Рабизода Н. ба ҳамаи нафароне, ки дар баргузории ин чорабинӣ саҳмгузор буданд, изҳори сипос намуда, ҳадафи баргузории ин чорабиниро эҳёи расму анъанаҳои миллӣ ва рақобат дар озмунро барои баланд бардоштани истеъдоди баланди маънавию фарҳангии донишҷӯён дар озмунҳои оянда арзёбӣ намуданд.