Тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 21.10.2024 таҳти рақами 705 дар бораи ташкил ва баргузор намудани озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» санаи 30-31-уми октябри соли 2024 дар Маркази иттилоотӣ-таҳлилии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» баргузор гардид.
Тибқи Низомнома Озмун дар ду шакл – санҷиши тестӣ ва санҷиши шифоҳӣ гузаронида шуда, Исроилова Муниса Саломиддиновна, донишҷӯи курси 1, Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе тибқи натиҷаи комиссияи ҷамъбастии Озмуни мазкур миёни хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ сазовори ҷойи 1-ум гашта, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Диплом, Ҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000сомонӣ қадрдонӣ гардид.
Маъмурият, омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе Исроилова Муниса Саломиддиновна, донишҷӯи курси 1, ихтисоси Таҳсилоти ибтидоии Коллеҷро бо ин дастовард таҳният гуфта, дар самти донишандӯзиву иштирок дар озмунҳои минбаъда барояш бурдбориҳо таманно менамоянд.