Таҳти ин унвон санаи 22.11.2024 дар толори асосии Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе” дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Коллеҷ бо мақсади эҳтиром ва арҷгузорӣ ба яке аз муқаддасоти миллии кишвар, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ-фарҳангӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар чорабинӣ мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Усмонзода Муслим, роҳбарият, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса фаъолона иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо як ҳисси баланди ватандӯстӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуд.
Сипас директори Коллеҷ номзади илмҳои техникӣ Рабизода Наҷибулло ба сухан баромада, аҳли толорро ба муносибати ин ҷашни фархундаи миллати тоҷик табрик намуданд. Роҳбари муассиса қайд намуданд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон ифодагари ҷоннисории халқ барои дарёфти сулҳ, амният ва баробарҳуқуқӣ буда, аз таърихи куҳани миллати тоҷик дарак медиҳад. Парчам дар баробари нишон, забон ва фарҳанг ифодагари ҳастии миллат мебошад. Агар давлат соҳиби парчам, нишон, забон ё фарҳанги худ набошад, он давлат худро дар арсаи байналмилалӣ нишон дода наметавонад.
Муқаддас донистани парчам дар он зоҳир мегардад, ки инсоният дар ҳар давру замон онро барои ҳаёти осоишта ва пирӯзии адолат баланд мебардорад.
Зимни суханрониҳои хеш мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИҲХД дар ноҳияи Фирдавсӣ Усмонзода Муслим зикр намуданд, ки воқеан, Парчами давлатӣ асоси муқаддасоти ҳар миллати мустақил аст. Он на танҳо рамзи давлат, балки ифодаи манзараи фарҳангӣ, таърихӣ ва арзишҳои миллии халқ мебошад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо таърихи ғанӣ, арзишҳои миллӣ ва фарҳангии халқамон муаррифӣ мешавад.
Сипас барномаи фарҳангии ҷолиби омода намудаи дастаи фарҳангиии Коллеҷ, ки аз ҳисоби донишҷӯёни фарҳангдӯст ташкил карда шудааст манзури тамошобинон карда шуд.