Рабизода Наҷибулло 9 сентябри соли 1987 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Миллат тоҷик, Таҳсилот олӣ.
Номзади илмҳои техникӣ, айни замон директори муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе буда, соли 2010 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ-ро аз рӯи ихтисоси электротаъминкунии шаҳрҳо (муњандис-электрик) хатм намудааст.
Солҳои 2010–2012 ассистенти кафедраи «Электртаъминкунї»-и Коллељи техникии ДТТ ба номи академик М.С.Осимї, солҳои 2012-2013 муаллими калони кафедраи «Электртаъминкунї»-и Коллељи техникии ДТТ ба номи академик М.С.Осимї, солҳои 2013-2014 декани факултети энергетика ва телекоммуникатсияи Коллељи техникии ДТТ ба номи академик М.С.Осимї, солҳои 2014-2015 сардори офиси баќайдгирии Коллељи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимї, солҳои 2015-2018 декани факултети энеретика ва техникаи тиббии Коллељи техникии ДТТ ба номи академик М.С.Осимї, солҳои 2018-2021 ҷонишини директор оид ба корҳои таълимии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе, солҳои 2021-2022 декани факултети технологияҳои рақамӣ ва менеҷменти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Рабизода Наҷибулло
номзади илмҳои техникӣ
Рабизода Наҷибулло барои фаъолияти пурсамар ва бенуқсон дар соҳаи маорифи кишвар соли 2016 бо медали «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ карда шудааст.