Мо ба воқеаҳои дирӯза, дастовардҳои имрӯза, ва дурнамои ҳаёти ояндаи халқамон холисона ва воқеъбинона назар меандозем ва ба таърихи он эҳтиром мегузорем.Ҳар фарди бедордили миллат бояд омӯзиши таърихи халқи азизашро вазифаи муқаддаси худ донад, аз гузаштаи пуршебу фарози он сабақ гирад ва бо корнамоиҳои фарзандони мардуми боҳимматаш шинос шуда, онҳоро дар ҳофизаи таърихиаш ҷой диҳад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.07.2022, №АП-227 оид ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон”–оинаи таърихи миллат” ба ифтихори 115 – солагии академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” иникос ёфтааст, рӯзҳои 16 то 18- уми феврали соли 2023 тибқи ҷадвали тасдиқ гардида, даври аввали озмуни ҷумҳуриявии ” Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат барои кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаи давлатии таълимии коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе даври аввали озмуни мазкур доир карда шуд.
Зимни ифтитоҳи озмун директори Коллеҷ номзади илмҳои техникӣ Рабизода Наҷибулло аз ташаббусҳои созанда ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, иброз дошт ки ба хотири арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи миллати тоҷик дар тӯли таърих тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихи ва ба ин васила шинохти нақши куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров ” Тоҷикон” дарҷ гардиданд, зери сарпарастии Пешвои муаззами миллат, бахшида ба 115- солагии ин абармарди тоҷик, соли 2023 озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон “- дар оинаи таърихи миллат эълон гардид. Ҳамзамон оид ба раванди баргузории озмун имтиёзҳои муқаррарнамудаи коллеҷ барои ғолибони давраҳои алоҳидаи озмун шарҳ дода шуд.
Давраи интихобии озмун дар сатҳи факултетҳо бо фарогирии дар озмун 235 нафар донишҷӯён сурат гирифта, ба даври дохилимуассисвӣ 120 нафар донишҷӯён роҳхат гирифтанд. Ҳамзамон 30 нафар кормандону омӯзгорон дар ин озмун иштирок намуданд. Сипас, донишҷӯён, кормандон ва омӯзгорон тибқи рӯйхат дар назди комиссияи озмуни дар доираи саволномаи муайянгардида маҳорату қобилияти худро нишон доданд. Даври дохилимуассисавии озмуни ҷумҳуриявии ” Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат ҷамъбаст гардида, ғолибон дар чорабинии тантанавии дохилимуассисавӣ бахшида ба 30- юмин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои наздик баргузор мегардад, қадрдонӣ карда мешаванд.