СУХАНИ ТАБРИКОТӢ ДИРЕКТОРИ КОЛЛЕҶИ МУҲАНДИСИЮ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ НОМЗАДИ ИЛМҲОИ ТЕХНИКӢ МУҲТАРАМ РАБИЗОДА НАҶИБУЛЛО БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР
    “Модар сароғози ҳастии башар, офаранда ва идомабахши ҳаёти инсоният мебошад”.
      Эмомалӣ Раҳмон
     Боиси хушнудист, ки дар рӯзҳои муждагонӣ аз баҳору Наврӯз, оғози фасли шукуфтанҳо ва бедории табиат дар саросари олам ва бахусус Тоҷикистони маҳбуб Рӯзи Модар бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
   Ба муносибати фарорасии Рӯзи Модар омӯзгорзанон, донишҷӯдухтарони муассисаи таълимӣ ва кулли занону бонувони Тоҷикистонро самимона табрик гуфта, барояшон саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори босаодат орзу менамоям.
    Дар фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон ҳазорсолаҳост, ки Модар дар радифи дигар арзишҳои миллӣ муқаддас дониста мешавад ва бо иқдоми наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа аз соли 2009 рӯзи 8-уми март дар ҷумҳурии мо ҳамчун Рӯзи Модар таҷлил карда мешавад.
    Дар ин росто, ҳар як фарди тарбиятдидаву оқил тамоми умри худро бо ҳастии модар пайванд медонад, ӯро дӯст медорад ва ранҷу азияти кашидаи модарро то лаҳзаи охирини ҳаёт қадршиносиву посдорӣ менамояд. Модар рамзи ҷовидонаи меҳру вафо ва идомабахши насли инсон аст.
     Муҳимтар аз ҳама дар амалӣ намудани сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумати мамлакат нақши занону бонувон хеле бузург аст. Онҳо дар вазифаҳои роҳбарӣ, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кишварзӣ, саноат, инчунин, дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҳамчунин дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар содиқона кору фаъолият доранд.
     Ҳамду сано ба Зан-Модар, ки муҳаббати ӯ интиҳо надорад, пойдориҳои ҳаёти инсоният ва бақои умри одамият аз бузургиву фазилатҳои ӯст.
     Бо чунин ниятҳои хайр дар Рӯзи Модар ва дар арафаи Наврӯзи фархундапай бори дигар бо арзи сипос ва арҷгузорӣ кулли занон-модарон, донишҷӯдухтарони муассисаро самимона шодбош гуфта бароятон комёбиҳои беназир, саломатии бардавом ва тамоми хушиҳои рӯзгорро таманно дорам.
    Рӯзи Модар муборак!
    Одамиро гар Худо орад нахуст,
    Одамиятро кунад модар дуруст.

Leave a Comment