Санаҳои 26-27.04.2023 дар толори асосии муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ҷаласаи тақсимоти пешакии хатмкунандагон барои соли 2023 ташкил ва баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа Раҳматуллоева Шаҳло сармутахассиси шуъбаи кадрҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе Сафарзода Ҳамза, директори Литсейи касбии техникии ноҳияи Шаҳристон Собирова Меҳрӣ, директори Литсейи касбии техникии ноҳияи Айнӣ Раҷабов Абдусалом, Ҷонишини директор оид ба корҳои таълмии Литсейи касбии техникии ноҳияи Тоҷикобод Амонов Яҳё, , Ҷонишини директор оид ба корҳои таълмии Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе Хидиров Раҳим, директори Литсейи касбии металлургии шаҳри Турсунзода Одинаев Далер, намояндаи Литсейи касбии техникии нассоҷии шаҳри Душанбе Иброҳимов Юсуф, директори Литсейи политехникии шаҳри Душанбе Абдуллоев Муқимҷон, директори Литсейи касбии саноатии ноҳияи Мастчоҳ Шарипов Ашраф, директори Литсейи касбии техникии шаҳри Бохтар Ятимов Собир, директори Литсейи касбии техникии сохтмонии шаҳри Хӯҷанд Мухторов Имомиддин, Мудири шуъбаи кадрҳои Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Шаҳринав Обидова Гавҳар, ҷонишини директор оид ба корҳои таълимии Литсейи касбии техникии сохтмонии шаҳри Душанбе Мухторов Додалӣ, директори Литсейи касбии техникии ноҳияи Дӯстӣ Ҷалилов Шаҳром, директори Литсейи касбии техникии ноҳияи Ҷайҳун Юсуфзода Ҳотамшоҳ иштирок намуданд.
Дар оғози кори ҷаласа директори Коллеҷ н.и.т. Рабизода Наҷибулло иштироки роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбиро ба муассиаи таълимӣ хайрамақдам гуфта, ҳар яки онҳоро ба хатмкунандагон муррифӣ намуда, суханро ба сармутахассиси шуъбаи кадрҳои Вазораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳматуллоева Шаҳло дод.
Мавсуф дар баромади худ хатмкунандагонро бо талаботи Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Тартиби тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон” (аз 27.05.2017, №262) ва “Дар бораи тартиби баргардонидани маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тайёр кардани мутахассисон харҷ шудаанд” (аз 29.11.2022, №563) шинос намуда, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбиро вазифадор намуданд, ки нисбати ин масъала ҷиддӣ муносибат намоянд.
Дар рафти корӣ ҷаласа директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба навбат ба сухан баромада оид ба шароиту имкониятҳо ва як қатор имтиёзҳои пешбинигардидаи муассисаҳои таъдлимии худ ба хатмкунандагон маълумот пешниҳод намуданд.
Директори Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе н.и.т. Рабизода Наҷибулло зимни баромади худ қайд намуданд, ки Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ягона муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии зертобеи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки мутахассисонро барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии зерсохтори Вазорат омода менамояд.
Ҳамзамон раиси Комиссияи тақсимоти хатмкунандагони Коллеҷ н.и.т. Рабизода Наҷибулло қайд намуданд, ки Коллеҷро дар соли таҳсили 2022-2023 аз рӯи ихтисосҳои таълими касбӣ (нақлиёти автомобилӣ), таълими касбӣ (мошинсозӣ), таъминоти барқ (аз рӯи соҳаҳо), истифодабарии таҷҳизоти нерӯгоҳҳо ва нерӯгоҳҳои хурди барқӣ, таҳсилоти томактабӣ, таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ, иқтисодиёт ва ташкил дар соҳаи сайёҳӣ, таълими касбӣ (сохтмон) ва таълими касбӣ (саноати сабук) бо шумораи 146 нафар донишҷӯён хатм менамоянд, ки аз ин шумора дар шуъбаи рӯзона 127 нафар (81 нафар ройгон ва 46 нафар пулакӣ), дар шуъбаи ғоибона 19 нафар (8 нафар ройгон, 6 нафар пулакӣ) ташкил медиҳад, ки танҳо дар навбати аввал хатмкунандагони шуъбаи рузона, ки тариқи ройгон таҳсил менамоянд ба ҷойи кор таъмин карда мешаванд.
Тибқи тартиб хатмкунандагон вобаста ба ҷойи зисташон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, НБО-и Роғун, Кумитаву идораҳои дахлдор тақсимот гардиданд. Баъд аз бомувафақият хатм намудан, тибқи роҳхат сафарбар карда мешаванд.
Дар ҷамъбаст байни хатмкунандагон ва намояндагони муассисаҳои болозикр саволу ҷавоб сурат гирифта, талаботи хатмкунандагон қонеъ карда шуд.