Санаи 01.09.2023 дар муассисаи таълимӣ Рӯзи дониш бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд. Фазои идона, рӯҳияи хурсанди донишҷӯён, гулгаштҳои сабзу хуррам ва тозагиву ободии дохил ва атрофи таълимгоҳ аз соҳибистиқлолии кишвар, ободии пойтахти азизамон Душанбешаҳр ва ташаббусҳои созандаи роҳбарият ва коллективи меҳнатии муассисаи таълимӣ дарак медод. Дар толори асосӣ, толори Шӯрои олимон ва синфхонаҳои васеи муассисаи таълимӣ раванди тамошои дастаҷамъонаи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш аз раванди мулоқот бо аҳли маориф дар Донишгоҳи давлатии Хатлон дар ноҳияи Данғара ба роҳ монда шуд. Роҳбарият, омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Коллеҷ суханрониҳои Пешвои муаззами миллатро бо як эҳтироми хоса тамошо намуда, амалӣ намудани дастуру супоришҳои роҳбари давлатро сармашқи кору афкори худ маҳсуб хоҳанд донист.
Ҳамзамон дар ин рӯз намояндаи Раёсати ташхисӣ (экспертӣ)_криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввали сардори РТК ВКД-и ҶТ полковники милитсия муҳтарам Абдураҳмонзода Муҳаммадюсуф Ғолиб ташриф оварда, донишҷӯёнро бо фарорасии соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш табрик намуданд. Мавсуф ҳадафи ташрифи худро тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии радикализми диннӣ, хурофот ва ифротгароӣ дар байни донишҷӯён ва кормандони муассисаи таълимӣ арзёбӣ намуда қайд карданд, ки пешгирии радикализми диннӣ, яъне ба роҳ мондани чорабиниҳои қатъии сиёсӣ яке аз роҳҳои муфиде маҳсуб меёбад, ки садди роҳи ҳамагуна ҳуқуқвайронкуниро гирифта метавонад.
Пас аз ҷамъбасти суханрониҳои Пешвои миллат директори Коллеҷ номзади илмҳои техникӣ Рабизода Наҷибулло роҳбарият, коллективи меҳнатӣ ва таълимгирандагони муассисаи таълимӣро бо фарорасии соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш шодбош гуфта, ба иштирокчиёни чорабинӣ барору комёбиҳои беназирро таманно намуданд. Директори Коллеҷ қайд намуданд, ки коллективи меҳнатии муассисаро мебояд аз як гиребон сар бароварда, ҷиҳати амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат, баланд бардоштани обуру ва нуфузи таълимгоҳ ва омода намудани мутахассисони ба бозори меҳнат ҷавобгӯ пайваста саъю талош намоянд.