Тибқи Нақшаи чорбиниҳои Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе дар доираи дастру супоришҳои Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикситон санаи 16.02.2024 бо мақсади шаҳру тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикситон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Рушди илму маориф ояндаи босуботи давлату ҷомеа” баргузор гардид.
Дар ҳамоиш илмӣ-назариявӣ д.и.ф-м. Зарифзода Сарвар устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, н.и.ф-м. дотсент Ғафорзода Алишер устоди донишгоҳи мазкур, роҳбарият ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Ҳамоиши илмӣ-назариявиро ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ Мисралиев Фахриддин ҳусни оғоз бахшида, пас аз изҳори минатдорӣ ҷиҳати ташрифи меҳмонон ба таълимгоҳ ҳадафи баргузории ин чорабиниро шарҳу тавзеҳ ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёби намуданд.
Сипас, д.и.ф-м. Зарифзода Сарвар дар мавзӯи “Омӯзиши илмҳои дақиқ ва инкишофи тафаккури техникии ҷавонони замони муосир дар меҳвари Паёми Пешвои миллат”, н.и.ф-м. дотсент Ғафорзода Алишер дар мавзӯи “Нақши озмуни ҷумҳуриявии Илм-фурӯғи маърифат дар баланд бардоштани тафаккури илмӣ-техникии ҷавонон, кашфиётҳои илмӣ ва иттилоотҳои нав”, ассистенти кафедраи фанҳои табиию риёзии Коллеҷ Равшанов Қамар дар мавзӯи “Баланд бардоштани рушди сифати таълим дар меҳвари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, омӯзгори калони кафедраи фанҳои табиию риёзӣ Розиқов Муҳиддин дар мавзӯи “Рушди соҳаи маориф ва илм дар Паёми Пешвои миллат” ва ҳуқуқшиноси муассиса Абдуллоев Исфандиёр дар мавзӯи “Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқи шаҳрвандон дар меҳвари Паёми Пешвои миллат” маърӯза намуданд.
Маърӯзачиён диққати донишҷӯён ва иштирокчиёнро ба омӯзиши илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ, иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”, омӯзиши забонҳои хориҷӣ (русӣ ва англисӣ), риояи бечунучарои қонунҳои амалкунанда, эҳтироми падару модар ва дигар масъалаҳои мубрам ҷалб намуданд. Дар рафти чорабинӣ байни донишҷӯён ва баромадкунандагон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Чорабиниро сардори шуъбаи илм ва инноватсия Садиров Фаёзиддин ҳусни анҷом бахшида қайд намуданд, ки роҳбарият ва колективи муассисаи таълимӣ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, пайваста ба он мекушанд, ки илму хирадро равнақ дода, тамоми малакаву маҳорати худро барои таълимгирандагон сарф намуда, сатҳу сифати таълимро рушд диҳанд, то ки ҷавононро дар руҳияи ватандорию хештаншиносӣ тарбия намоянд.