Дар толори асосии Коллеҷи муҳандсию омӯзгории шаҳри Душанбе санаи 22.02.2024 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Коллеҷ ба муносибати 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии васеи тантанавӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар чорабинӣ муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Назарзода Манучеҳр, сарбозону афсарони қисми низомии 06870-и Қушунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон, сарбозону афсарони қисми низоми 0119- Қушунҳои сарҳадии Кумитаи Амнияти Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаи таълимӣ иштирок намуданд.
Чорабинии мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва афсарону сарбозони саф кашида бо либоси низомӣ, намоиши гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва чеҳраҳои болидаи аҳли иштирокчиёни чорабинӣ аз озодиву ободии кишвари азизамон Тоҷикистон, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллии роҳбарият, аҳли иштирокчиён ва ташкилкунандагони чорабинӣ далолат медод. Чорабиниро директори Коллеҷ номзади илмҳои техникӣ Рабизода Наҷибулло ифтитоҳ намуда, ба хизматчиёни низомӣ ва меҳмонон ҷиҳати ташрифашон ба Коллеҷ изҳори минатдорӣ намуданд.
Зимни суханрониҳои хеш директори Коллеҷ аҳли толорро ба муносибати ин санаи таърихӣ ва муқаддас шодбош гуфта, ба ҳамагон саломатӣ, барору комёбӣ ва ба Тоҷикистони азиз гулгулшукуфоии ҳамешагиро таманно намуданд. Директори Коллеҷ ба сарбозону афсарон, сарсупурдагони Ватан ҷиҳати ҳимояи амнияти зиндагии осоиштаи мардуми меҳанпарасти тоҷик ва марзу буми Тоҷикистони азиз эҳтироми хоса намуда, аз ҷавонон ва донишҷӯён даъват ба амал оварданд, ки онҳо низ баъд аз хатми муассиса ба хизмати модар Ватан рафта, саҳми худро дар ҳимояи миллату давлати худ гузоранд. Рабизода Наҷибулло директори Коллеҷ дар раванди суханрониҳои хеш қайд намуданд, ки маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати фарҳангсолори тоҷик соҳиби парчам, нишони давлатӣ, суруди миллӣ, артиши миллӣ, қувваҳои сарҳадӣ ва пули миллӣ гардид ва бо талошу кӯшишҳои пайвастаи Роҳбари давлат имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама мушкилиҳоро паси сар намуда, ба суйи қуллаҳои баланд ҳаракат карда истодааст. Дар ин росто Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки санаи 28.12.2023 ироа гардид зикр намуданд “Бо беҳтарин шароити зиндагиву хизмат таъмин намудани хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, омода кардани кадрҳои баландихтисос, такмил додани дониши тахассусӣ ва сатҳи касбияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳо, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон аз қабили ин тадбирҳо мебошанд. Ҳукумати мамлакат дар ин самт, аз ҷумла доир ба навсозии иқтидори Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамаи чораҳои заруриро андешида истодааст ва ин равандро минбаъд низ идома хоҳад дод”.
Баъдан муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Назарзода Манучеҳр ба сухан баромада, табрикоти Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзодаро ба иштирокчиёни чорабинӣ расониданд. Назарзода Манучеҳр қайд намуданд, ки ин ҳама амнияти зиндагии осоиштаи мардум, сулҳу субот ва муваффақиятҳои пайвасата дар тамоми соҳҳаҳои пешбарандаи ҷумҳуриии азизамон Тоҷикистон алалхус дар самти амният зиндагии мардум, яъне Артиши миллӣ бо ҷоннисориҳои шабонарӯзии Пешвои Миллат ва мардуми ватандӯсту боори тоҷик ба даст омадааст ва ҳар як ҷавони бонангу орро мебояд ин амнияту осоиштагиро қадр намуда, барои хизмати Ватан-модар ҳамеша омода бошад. Мавсуф зимни суханронии худ аз шароити бурду бохти сарбозон дар қисмҳои низомии кишвар сухан намуда қайд карданд, ки бо шарофати ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ шароити хизмат дар қисмҳои низомӣ рӯз аз рӯз беҳтар шуда истодааст ва ҳамасола дар арафаи таҷлили Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон Пешвои Миллат биноҳои нави чандин қисмҳои низомии бо шароити муосир муҷаҳҳаро ифтитоҳ менамоянд. Пас дар чунин шароити пуртаззоди ҷаҳонӣ миллату давлат аз ҷавнони далер шоҷуои тоҷик танҳо мардонагӣ ва ҳимояи содиқонаи кишвари азизамонро тақозо менамояд. Дар навбати дигар омӯзгори кафедраи фанҳои табиию риёзӣ полковник Икромов Қурбон Муродович оиди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуда қайд карданд, ки дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”. Чи хеле ки Пешвои миллатамон Сафармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд “Артиш такягоҳи давлат ва сипари миллат аст”. Вазифаи асосии он таъмини амнияти Ватан, сулҳу субот дар кишвар ва тамомияти арзии он мебошад. Пас аз ироаи маърӯза ва суханони табрикотӣ сарбозону афсарони қисми низомии 06870-и Қушунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон бо мақсади нишондоди далериву ҷасурӣ ва омода будан ба хизмат дар сафи Артиши миллӣ ба иштирокчиёни чорабинӣ ҳарактҳои ҷангии низомиро намоиш доданд. Дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ пас аз намоиши барномаи фарҳангии омоданамудаи дастаи фарҳангии Коллеҷ, ки саропо сурудҳои ватандӯстона ва рақсҳои ҷаззоби тоҷиконаро дарбар мегирифт роҳбарияти Коллеҷ ба як қатор омӯзгорон ва донишҷӯёне, ки дар чорабиниҳои варзишӣ фаъолона иштирок намуданд, “Сипоснома”-и муассисаи таълимӣ тақдим намуданд. Ҳамзамон барои ҳамкориҳои судманд ҷиҳати тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ба афсарони қисмҳои низомии болозикр “Сипоснома” -и Коллеҷ супорида шуд. Инчунин муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Назарзода Манучеҳр ба роҳбарияти муассиса ҷиҳати қадрдонӣ ва фаъолияти назарас доштан дар самти тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи меҳанпарастӣ ва иштироки фаъолона намудан дар маъраки даъват ба хизмати ҳарбӣ “Сипоснома”-и Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо тақдим намуданд.