Дар доираи амалӣ гардонидани ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ташаббусҳои созандаи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, дастури Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи чорабиниҳои Коллеҷ санаи 24.02.2024 аз ҷониби кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён шанбегии дастаҷамъона ташкил ва баргузор карда шуд.
Аз ҷониби кормандон ва донишҷӯён саҳни муассисаи таълимӣ тозаву озода карда шуда, гирду атрофи дарахтони замини назди ҳавлигии муассиса нарм карда шуданд. Ҳамзамон дар замини назди ҳавлигии муассиса 300 бех гулҳои мавсимӣ шинонида шуд.
Баргузории ҳашарҳои дастаҷаъмона ва шанбегиҳо дар Коллеҷ доими буда, аҳли кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Коллеҷ саҳми арзандаи хешро дар тозаву озода намудани муҳити табиат, ободӣ ва гулгун шукуфоии маркази пойтахти азизамон шаҳри Душанбе мегузоранд.