Бо мақсади саҳм гузоштан дар рушди синамои миллӣ, саҳм гузоштан дар тақвияти кинои тоҷик ва амалӣ намудани яке аз унсурҳои таркибии Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тарбияи ахлоқӣ ва маънавӣ маҳсуб меёбад, санаи 08.06.2024 дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи муҳандсию омӯзгории шаҳри Душанбе” филми тарбиявии “ДОВ” аз ҷониби кормандони киностудияи давлатии “Тоҷикфилм” ба марази тамошои роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаи таълимӣ гузошта шуд.
   Қабл аз тамошои филм ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Файзуллоева Дилрабо Назурвалиевна сухан намуда, қайд карданд, ки ҳар як шахсият ҳуқуқ дорад дар баробари таҳсил ва кору фаъолият намудан ба тамошои ҷойҳои таърихӣ, китобхонаву осорхонаҳо, филмҳои ҳунариву бадеӣ ва намоишҳои театри рафта, аз ҳуқуқи маънавии хеш самаранок истифода баранд. Филми мазкуррро, ки аз таърихи солҳои баъди ҷанги шаҳрвандӣ дар ватани азизамон Тоҷикистон, ёдрасӣ менамуд коллективи меҳнатӣ ва донишҷӯён бо як эҳтироми хоса тамошо намуда, ба худ як ҷаҳон ғизои маънавӣ гирифтанд. Тамошои намоишҳои театрӣ ва филмҳои бадеӣ ҳисси баланди ватандӯстӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва омӯхтани таъриху тамаддуни фарҳанги миллатро дар қалби шаҳрвандони кишвар дучанд меафзояд.
    Қобили зикр аст, ки роҳбарияти муассисаи таълимӣ дар рушди синамои таҷик пайваста ташаббусҳои нек нишон медиҳад.

Leave a Comment