Санаи 29.06.2024 дар доираи амалӣ гардонидани ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, дастури Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи чорабиниҳои Коллеҷ, аз ҷониби кормандону омӯзгорони коллеҷ шанбегии дастаҷамъона ташкил ва баргузор карда шуд.
Аз ҷониби кормандону омӯзгорон ҳудуди гирду атрофи муассиса, утоқҳои кории кормандон, синфхонаҳои таълимӣ, устохонаҳои таълимӣ ва хобгоҳи муассисароро тозаву озода намуданд. Ҳамзамон дар замини наздиҳвлигии Коллеҷ 1200 бех гулҳои мавсимӣ шинонида шуданд.
Раёсати Коллеҷ бо мақсади сабзу хуррам ва тозаву озода намудани муассисаи таълимӣ мунтазам ташаббусҳои созандаву бунёдкорона роҳандозӣ менамояд.