Санаи 24.10.2024 маҳфили илмии донишҷӯён бо номи “Ҳамадон”-и назди кафедраи табиию риёзӣ дар доираи эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар мавзӯи “Табиатшиносӣ ва ояндаи тамаддун” бо иштироки сардори шуъбаи илм ва инноватсия Воҳидов З.О., сардори шуъбаи таълим Бобошеров Д.И., сардори бахши идоракунии сифати таҳсилот Шарафиддинов З.М., мудири кафедраи табиию риёзӣ Фаррухи Набӣ, роҳбари маҳфили илмӣ муаллими калони кафедра Муҳаммадиев Н. ва донишҷӯён ташкил ва баргузор гардид.
Маҳфили илмиро мудири кафедраи табиию риёзӣ Фаррухи Набӣ ҳусни оғоз бахшида, оид ба аҳамияти баргузории мафҳилҳои илмии донишҷӯён дар самти инкишофи тафаккури илмиву таҳлилӣ, беҳтар гардидани малакаҳои таҳқиқотӣ, баландбардории маърифати касбӣ ва омодагӣ ба корҳои мустақилонаву эҷодкорӣ суханронӣ намуд.
Роҳбари маҳфили илмӣ муаллими калони кафедра Муҳаммадиев Н. оиди мавзӯи баррасишаванда, донишҷӯён Ҳалимов Х. дар мавзӯи “Проблемаҳои ҳаёт ва шуур дар тамадуни ғайризаминӣ”, Расулова Н. дар мавзӯи “Биотехнологияи муосир ва ояндаи инсоният”, Ҳакимова К. дар мавзӯи “Давраҳои инкишофи табиатшиносӣ”ва Сафарова З. дар мавзӯи “Кашфиёти кайҳоншиносии муосир” маърӯза намуданд.
Дар муҳокимаи масъала байни иштирокчиёни маҳфил мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои пешниҳодгардида ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Leave a Comment