Санаи 21.11.2024 дар Гимназияи №74-и ноҳияи Фирдавсӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” доир гардид.
Дар оғози чорабинӣ муовини раиси ноҳияи Фирдавсӣ Саодат Шукурзода суханронӣ намуда, қайд кард, ки ташкил ва баргузории озмуни шаҳрии “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” яке аз ташаббусҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ буда, барои баланд бардоштани завқи бадеӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои нави суханвару сухандони дорои маҳорати баланди ровигиву наттоқӣ, сарояндагиву овозхонӣ, баланд бардоштани маҳорати иҷрокунандагӣ, ташакули истеъдоду ҳунари наврасону ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа мусоидат менамояд.
Дар идома ба ғолибони даври ноҳиявии озмуни мазкур туҳфаҳои таъсисдодаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд. Аз ҷумла, 1 нафар донишҷӯ ва 1 нафар корманди Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе дар озмуни мазкур иштирок намуда, соҳиби ҷойи ифтихорӣ байни иштирокдорони синну соли 18-35 сола гардиданд.
Ҳамин тавр, Воҳидов Зеваршо, аз рӯйи номинатсияи эҷоди “Шеъри беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе”. сазовори ҷойи якум ва Мускинова Марҷона, донишҷӯи курси якуми ихтисоси Таҳсилоти ибтидоии факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣ, аз рӯйи номинатсияи «Иҷрои суруди беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе» сазовори мақоми дуюм гардиданд.
Маъмурияти Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ғолибонро ба ин дастовардашон табрику таҳният гуфта, ба онҳо барои иштирокашон дар даври шаҳри барору комёби орзу намуданд.