ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ОЗМОИШГОҲҲОИ МУОСИР ДАР КОЛЛЕҶИ МУҲАНДИСИЮ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Санаи 28 ноябри соли 2024 дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Коллеҷ ҷиҳати иҷрои фармоиши Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 октябри соли 2024, № 276 ва дастури Кумита аз 8 октябри соли 2024, №1/05-1562 ҷиҳати татбиқи фармоиш оид ба эълон гардидани соли таҳсили 2024-2025 “Соли хониши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”, инчунин дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Коллеҷ оид ба иҷрои “Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025” дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе бо иштироки Давлатзода Баҳрулло Раҳмон – муовини якуми раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло – Раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Амирбекзода Сино Амирбек – директори Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе, Суфиев Алишер Ҷамъмаевич – директори Коллеҷи кӯҳии ба номи С.Юсупова, Сатторов Абдурасул Абдуғафорович – декани факултети иқтисодиёт ва молияи Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон Маркази омӯзиши асарҳои Пешвои миллат, озмоишгоҳи муосир аз фанҳои “Биология” ва “Технологияи истеҳсолоти дӯзандагӣ” мавриди истифода қарор дода шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки Маркази омӯзиши асарҳои Пешвои миллат” барои донишҷӯёну омӯзгорон ташкил карда шуда, бо мизу курсӣ, ноутбук ва дигар шароитҳо хуб таъмин мебошад. Ҳамзамон ҳамаи асарҳои Пешвои миллат дар шакли чопӣ ва электронӣ гирд оварда шудаанд, ки донишҷӯёну омӯзгорон метавонанд аз онҳо ҷиҳати омодаги ба озмуни шаҳрӣ ва ҷумҳуриявии “Беҳтарин хонандаи асарҳои Пешвои миллат” самаранок истифода намоянд.
Озмоишгоҳҳои Биология ва Технологияи истеҳслоти дӯзандагӣ бо тамоми таҷҳизотҳои муосири замонавӣ, мизу курсӣ ва технология информатсионӣ муҷҷаҳаз гардонида шудаанд, ки донишҷӯёну омӯзгорон метавонанд дар раванди дасҳои амалӣ ва озмоишӣ аз онҳо самаранок истифода намоянд.

Leave a Comment