САФАРИ КОРИИ КОРМАНДИ КОЛЛЕҶИ МУҲАНДИСИЮ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БА ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН
Дар мувофиқа бо Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши директори муассиса аз 19 то 23-уми ноябри соли 2024 Гулова Шаҳло, сардори маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои коллеҷ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии шаҳри Семей, вилояти Абай, Ҷумҳурии Қазоқистон сафари корӣ анҷом доданд.
Сафар бо даъвати директори Муассисаи таълимии “Коллеҷи элетротехникаи вилояти Абай” ҷиҳати иштирок дар ҷашнгирии 70-умин солгарди таъсисёбии коллеҷи мазкур сурат гирифт.
Намояндаи коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе муаллима Гулова Ш.М. дар ҷашнвора бо нутқи табрикӣ ва тақдими тӯҳфаи хотиравӣ иштирок намуд.
Баъд аз таҷлили ҷашнвора, бо директори коллеҷи мизбон сӯҳбат ороста шуда, самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, аз қабили, амалисозии муштараки барномаи табодули академии таълимгирандагон, ташкили якҷояи чорабиниҳои илмӣ ва назариявӣ дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ ва дигар самтҳо дар доираи созишномаи дуҷониба баррасӣ гардиданд.
Ҳамчунин, ҷиҳати бастани созишномаҳои ҷадиди ҳамкорӣ ба муассисаҳои дигар, аз ҷумла Корхонаи давлатии ҷамъиятии “Коллеҷи олии геодезия, харитасозӣ ва сохтмон”-и назди раёсати маорифи вилояти Абай ва Корхонаи давлатии ҷамъиятии “Коллеҷи олии технологияҳои иттилоотӣ ва ва технологияҳои нав”-и назди раёсати маорифи вилояти Абай боздид намуда, бо шароит, заминаи моддию техникии муассисаҳои мазкур дидан намуда, ҷиҳати ба имзо расонидани шартномаҳо ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд.