Зери ҳамин унвон санаи 08.04.2024 дар толори Шӯрои олимони Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе” мизи мудаввар ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар чорабинӣ мутахассисони шуъбаи эпидимиологии Маркази ҷумҳуриявиии пешгирӣ ва мубориза бар зиди ВНМО -и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саторов Фируз ва Олимзода Баҳодур, роҳбрият, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаи таълимӣ иштирок намуданд. Чорабиниро ҷонишини директор оид ба корҳои тарбияи Коллеҷ Файзуллоева Дилрабо Назурвалиевна оғоз намуда, ба меҳмонон ҷиҳати ҳамкориҳои судманд дар самти бароҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни кормандорну донишҷӯён, роҳнамоӣ намудани онҳо бо мақсади пешгирӣ намудан аз бемориҳои сироятӣ алалхусус бемории ВНМО изҳори сипос намуданд.
Муаллима қайд намуданд, ки яке аз талаботҳои Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи ҳаёти солим маҳсуб меёбад ва бо мақсади амалӣ намудани талаботи ин унсури консепсия, ки тамоми паҳлуҳои тарбияро дарбар мегирад дар муассисаи таълимӣ Нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ карда шуда, баргузории ин чорабинӣ бо иштироки мутахассисони соҳа дар доираи нақшаи мазкур ба роҳ монда шудааст. Мутахассиси шуъбаи эпидимиологии Маркази ҷумҳуриявиии пешгирӣ ва мубориза бар зиди ВНМО-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Баҳодур дар мавзӯи “Сабаби пайдоиши бемории сироятии Вируси норасоии маснунияти одам ва роҳҳои пешгирии он” маърӯза намуда, қайд карданд, ки Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО)- вирусест, ки ба организм дохил шуда, системаи худмуҳофизатии онро нобуд месозад. Дар натиҷа системаи масуният хароб гардида, организми инсон хеле суст мешавад ва қобилияти муқовимат ба ҳама гуна бемориҳоро гум мекунад. Бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ) – марҳилаи охирини ВНМО мебошад. Он замоне инкишоф меёбад, ки организм қобилияти муқовимат ба бемориҳоро аз даст дода, осебпазир мегардад ва дар натиҷа инсон ба бемориҳои вазнин тоб наоварда, ба ҳалокат мерасад. Яке аз роҳҳои пешгирӣ аз бимории ВНМО аз сӯзандоруҳои тамъизнашуда набояд истифода бурдан ва истифода бурдани асбобҳои беҳдошти якдафъина (риштарошак, теғ, сӯзандору, асбобҳои дандонпизишкӣ ва ғайра) маҳсуб меёбад.
Барои муайян кардани мавҷудияти ВНМО аз таҳлили хун гузаштан лозим аст. Бояд қайд кард, ки як маротиба аз таҳлили хун гузаштан кифоя нест. ВНМО хусусияти муҳиме дорад – 3-6 моҳи аввал баъд аз сироят ёфтан аз таҳлили хун гузаштан мавҷудияти ВНМО дар хун муайян карда намешавад, ҳарчанд, ки шахси сироятёфта дар ин муддат аллакай чандин нафаронро мубталои ин беморӣ гардонидааст. Барои ҳамин, бори дигар, такроран баъди 3-6 моҳ аз таҳлили хун гузаштан зарур мебошад.
Баъдан мутахассиси шуъбаи эпидимиологии Маркази ҷумҳуриявиии пешгирӣ ва мубориза бар зиди ВНМО -и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саторов Фируз дар мавзӯи “Нашъамандӣ ва оқибатҳои он” маърӯзи судманди худро ба самъи иштирокчиёни чорабинӣ расониданд.
Мавсуф зимни баромади худ қайд намуданд, ки нашъамандӣ кирдори ношоями инсонӣ буда, инсонро аз ақл берун карда, ӯро ба ҳайвон мубадал мегардонад ва оҳиста — оҳиста ӯро аз байн мебарад. Нашъа ба гурӯҳи моддаҳои наркотикӣ мансуб аст ва чанд намуди моддаҳои наркотикӣ ба монанди героин, морфин, кодеин, какаин, марихуана, амфетамин, экстаз ва ғайра мавҷуд аст. Моддаҳои наркотикӣ ба рӯҳияи одам, хусусан ҷавонон таъсири бади психологӣ расонда, одамро аз ҳаёт маҳрум месозад. Олимони соҳаи тиб исбот карданд, ки ба таркиби наркотикҳо моддаҳое дохил мешаванд, ки онҳо ба системаи асаб таъсири манфӣ расонда, вазъи саломатии инсонро дигаргун месозад.
Дар қисмати фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён ба мутахассисони соҳа дар ин самт саволҳои бомаврид дода, посухҳои қонеъкунанда гирифтанд. Мутахассисон ба донишҷӯён таъкид намуданд, ки барои беҳдошти вазъи саломатиашон ба тамрини бадан машғул шуда, худ ва наздиконашонро аз роҳҳои гирифторшавӣ ба тамоми намуди бемориҳои сироятӣ нигоҳ доранд. Омӯзгорон ва падару модаронро мебояд рисолати муқаддаси худ тарбияи поктинативу зебопарастӣ, башардӯстию инсонпарварӣ ва заҳматкашиву ободкориро дар замири фарзандон идома дода, насли навраси кишвари соҳибистиқлоламонро дар рӯҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ба камол расонанд. Ҳар як шахси солимақлро мебояд саломатии хешро ҳифз намояд, зеро солимии ҷомеа, солимии давлату миллат маҳсуб меёбад.