Санаи 16 – уми октябри соли 2024 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе” дар толори конференссионии Коллеҷ мизи мудаввар зери унвони “ Либси миллӣ – муаррифгари фарҳанги миллат” ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар чорабинӣ сардори шуъбаи иттилоотии ҳуқуқии мураттабсозии Маркази миллии қонунгузории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Собирзода Ҳусноро, сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Қаюмова Дилноза Абдурақибовна, мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Амонуллозода Раҳима Амонулло, роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса фаъолона иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо мақсади эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аҳли иштирокчиён оғоз гардид. Сипас ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Файзуллоева Дилрабо Назурвалиевна ба сухан баромада, қудуми меҳмононро ба муассисаи таълимӣ шодбош гуфта, минатдории роҳбарияти муассисаро ҷиҳати ташриф ба эшон расониданд. Муаллима бо ифтихор аз ҳукмфармоии фазои сулҳу ваҳдат дар кишвари азизамон Тоҷикистон қайд намуданд, ки мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ маҳсуб меёбад.
Мавсуф қайд намуданд, ки бо мақсади тарғиб ва риояи либоси миллӣ, ки тараннумгари фарҳанги миллат мебошад дар муассисаи таълимӣ ҳар ҳафта аксияи тарғиботӣ зери унвони “Тоҷикона мепушем” ташкил ва баргузор карда мешавад, ки бонувону донишҷӯдухтарони Коллеҷ навъҳои гуногуни либосҳои миллии тоҷиконаро дар бар менамоянд.
Сардори шуъбаи иттилоотии ҳуқуқии мураттабсозии Маркази миллии қонунгузории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Собирзода Ҳусноро ба сухан баромада қайд намуданд, ки либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тўли қарнҳо зебоиашро гум накардааст. Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост.
Ҳамзамон сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Қаюмова Дилноза Абдурақибовна ба сухан баромада зикр намуданд, ки либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанги миллӣ ба шумор рафта, ёдгоре аз аҷдодонамон аст, ки дар тӯли қарнҳо шинамию зебандагиашро гум накардааст. Боиси хушнудист, ки солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ, рушду инкишоф додани онҳо дар миёни мардум ва ба ин васила бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани занону духтарон зиёд гардидааст. Аз сарчашмаҳо аён аст, ки тоҷикон ҳамчун миллати шаҳрдор ва эҷодкор дар офариниши мероси бузурги тамаддуни башарият саҳми босазо гузоштаанд.
Модоме, ки либоси миллии мо нишон аз фарҳанги мост, пас, биёед, фарҳанги миллиро бо тақлидҳои кӯркӯрона ба бегонагон фасод насозем ва онро ба ояндагон ба мерос гузорем.
Мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе – Амонуллозода Раҳима Амонулло ба сухан баромада, баргузории чунин чорабиниҳоро ҷиҳати тарғибиу ташвиқи либоси миллӣ бо мақсади рушд ва пойдории фарҳанги миллӣ хело бомаврид ҳисобиданд. Амонуллозода Раҳима қайд намуданд, ки дар ҳақиқат пӯшидани куртаи атласу адрас набояд либоси мавсимӣ бошад ва ба бар кардани он набояд дар арафа ва давраи баргузории иду ҷашнҳо ва илова бар ин бо супориши мақомот сурат бигирад, балки он бояд либоси рӯзмарраи ҳар зани тоҷик бошад. Либоси атласу адрас бешак ҳам ба зани роҳбару соҳибкор зебанда асту ҳам ба олиму омӯзгор ва ҳам ба донишҷӯву хонандаи мактаб.
Муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалии Коллеҷ Ҳусейнова Шаҳло Зарифовна ба сухан баромада, иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон ҳамеша як нуқтаро таъкид месозад: дар шароити ҷаҳонишавӣ агар хоҳанд давлатеро аз байн баранд, аввал забон ва баъдан фарҳангашро нест мекунанд. Аз ин хотир, моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳарчӣ зудтар хотима бахшида, сару либосҳои миллии духтарону бонувонро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар миёни занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем.
Дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ байни мутахассисону иштирокчиён музокира бамиён гузошта шуда, масъулин ба суолҳои донишҷӯёну омӯзгорон ҷавобҳои мушаххас доданд. Дар рафти чорабинӣ бо мақсади муаррифӣ ва риояи либоси миллӣ аксияи тарғиботӣ зери унвони “Зеби чаканну атлас-зебосанами тоҷик” баргузор карда шуд.

Leave a Comment