Санаи 28 ноябри соли 2024 тибқи банди 10-и Нақшаи чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муҳандис”-и Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ҳамоиши илмӣ-сиёсии ҳизбиёни Коллеҷ таҳти унвони “Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушди сармояи инсонӣ ва маърифати ҳуқуқию сиёсии ҷомеа”, бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардид.
Дар ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ Давлатзода Баҳрулло Раҳмон- муовини якуми Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло -Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ, Сатторов Абдурасул Абдуғафорович -декани факултети иқтисодиёт ва молияи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Суфиев Алишер Ҷамъаевич-директори Коллеҷи кӯҳи ба номи С.Юсупова, Амирбекзода Сино Амирбек-директори Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе, роҳбарият донишҷӯёну омӯзгорон иштирок намуданд. Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Ҳамоишро директори Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе номзади илмҳои техникӣ Рабизода Наҷибулло ифтитоҳ намуда, меҳмони олиқадрро ба ин ҳамоиш хайра мақдам гуфта, иштирокчиёни ҳамоишро ба муносибати 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ таҳният гуфта, бо қаноатмандӣ изҳор намуд, ки
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсули андешаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, идеяи таъсиси ҳизби нави сиёсӣ аз ибтидои соли 1993 сарчашма гирифта, дар пояи ормонҳои мардуми шарифи Тоҷикистони азиз баъд аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ ба талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ 10-уми декабри соли 1994 ташкил гардидааст.
Ҳанӯз аз ибтидоӣ таъсисёбии ҲХДТ Пешвои миллат пайваста таъкид мекарданд, ки ҳадафу мақсадҳои ҳизби нав бояд аз моҳияти иҷтимоӣ доштаи давлати мо сарчашма гирад ва он бояд пеш аз ҳама ниёзҳои иҷтимоии саросари аҳолии мамлакатро бароварда созад. Дар воқеъ тули 30 соли фаъолият ХҲДТ дар доираи ҳадафҳои барномавии ҳизб бо сарварии раиси муаазами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, маорифу фарҳанг ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеъа, аъзоён ва ҷонибдорони ҳизб ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
Сипас директори коллеҷ бо камоли эҳтиром сухани табрикотиро ба Давлатзода Баҳрулло Раҳмон – муовини якуми раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дод. Дар рафти суханрониаш муҳтарам Давлатзода Баҳрулло Раҳмон ҳозиринро ба муносибати 30- солагии таъсисёбии ҲХДТ табрику таҳният намуда, қайд намуданд, ки соҳаи маориф ва илм яке аз соҳаҳои калидӣ дар низоми давлатдорӣ буда, заминаи асосии даст ёфтан ба ҳамаи муваффақиятҳо ба шумор меравад.
Тибқи барномаи ҳамоиш Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло – Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар мавзӯи “Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушду пешрафти илму маориф ва фарҳанги сиёсии ҷомеа” Сатторов Абдурасул Абдуғафорович – декани факултети иқтисодиёт ва молияи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушди иқтисоди миллӣ” маърӯза намуданд.
Дар фарҷоми кори ҳамоиши илмӣ-сиёсии ҳизбиёни Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе фаъолони ҳизб ва ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ бо Сипоснома ва аз ҷониби маъмурияти Коллеҷ бо Диплом, Ифтихорнома, мукофотпулиҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Ҳамзамон ба 10 нафар донишҷӯёни Коллеҷ дар пайрави аз сиёсати ятимпарварони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон либосҳои зимистона тақдим карда шуд.

Leave a Comment