Санаи 25.04.2023 дар толори Шӯрои олимони муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ бахшида ба “Рӯзи илми тоҷик” таҳти унвони “Таъсири осори устод Айнӣ дар таҳкими решаҳои таърихи дӯстии халқҳо” баргузор гардид.
Кори Конференсияи илмӣ – назариявиро муовини директор оид ба корҳои таълимӣ Садиров Ф.Р. оғоз намуда, иштирокчиёни чорабиниро ба Рӯзи илми тоҷик табрик гуфта, қудуми онҳоро ба муассиса хайрамақдам намуданд.
Дар идомаи кори Конференсия шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким бо суханронии пурмуҳтаво аз таърихи илми тоҷик ва осори устод С.Айнӣ ёдоварӣ намуданд.
Ҳамчунин, дар конференсия шоири ҳалқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар мавзӯи “Мақоми Айнӣ дар ташаккули насри реалистии тоҷик” ва Қурбонов Абдумаҷид Абдулҳамидович-дотсент, мудири кафедраи назария ва амалияи забоншиносии ДДОТ ба номи С. Айнӣ дар мавзӯи “Айнӣ ва масъалаҳои ворисияти миллӣ” маъруза намуданд.
Баъди қисмати асосии конференсия дар толори фарҳангии Коллеҷ барои меҳмонон чорабинии тантанавӣ баргузор карда шуда, рақсу сурудҳои дилнишини омоданамудани донишҷӯён пешниҳод гардонида шуд.
Ҳамзамон дар бахшҳои кори конференсия масъалаҳои муҳим ва мубрами рӯзгор ва осори ин равшангари бузурги илму фарҳанги миллӣ дар садаи бист ва муаммоҳои умдатарини айнишиносӣ баррасӣ гардид.
Дар кори бахшҳо Назарова М.С. -мудири кафедраи фанҳои гуманитарии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Повести Одина аввалин асари реалистии Садриддин Айнӣ”, Ҷумаева М.С.-ассистенти кафедраи забони тоҷикии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Ёддоштҳо-асари таърихӣ”, Раҳмонова Н.Р. -омӯзгори калони кафедраи филологияи Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе дар мавзӯи “Жизнь и творчество Садриддина Айни как основоположника таджикской советской литературы”, Яқубова Б.Ш.- омӯзгори калони кафедраи филология “Нақши устод Айнӣ дар ташаккули забони адабии ҳозираи тоҷик”, Файзуллоева Д.Н.-Ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе дар мавзӯи “Ёддоштҳо муҳимтарин асари эҷоди Садриддин Айнӣ дар шинохти миллати тоҷик ва урфу одати тоҷикон”, Райҳонова С.Ҳ.-омӯзгори калони кафедраи методикаи таълимӣ истеҳсолӣ ва фанҳои гуманитарӣ дар мавзӯи ” “Ёддоштҳо”-муҳимтарин асари эҷодии Садриддин Айнӣ дар шинохти миллати тоҷик ва урфу одати тоҷикон”, Файзулло Қурбонов-омӯзгори кафедраи методикаи таълимӣ истеҳсолӣ ва фанҳои гуманитарӣ дар мавзӯи “Зиндагиномаи устод Айнӣ”, Асророва Ш.С.-омӯзгори кафедраи методикаи таълимӣ истеҳсолӣ ва фанҳои гуманитарӣ дар мавзӯи “Романи “Ғуломон”-и Садриддин Айнӣ ва сад соли рӯзгори халқи тоҷик дар он”, Зенатшоева Ҳ.- омӯзгори кафедраи методикаи таълими истеҳсолӣ ва фанҳои гуманитарӣ дар мавзӯи ” “Одина”- аввалин асари реалистии С. Айнӣ” Саидова Ҷ.Н.-омӯзгори кафедраи методикаи таълими истеҳсолӣ ва фанҳои гуманитарӣ дар мавзӯи “Сарчашма ва омилҳои ба кори эҷодӣ пардохтани С.Айнӣ” баромад ва суханронӣ намуданд.
Кори конференсия дар бахшҳо бо музокира ва саволу ҷавоб сурат гирифта то соати 15:00 анҷом ёфт.