«Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистон ҳисси арзишманд мегузоранд ва ба Модар –Ватани хеш содиқона хизмат мекунанд».
Эмомалӣ Раҳмон
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва ҳисси баланди ватандӯстии донишҷӯён зери сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати- миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Нақшаи чорабиниҳои Коллеҷ ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудаи 23-юми май “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” санаи 17.05.2023 дар саҳни муассисаи таълимӣ чорабинии фарҳангӣ -тантанавӣ таҳти унвони “Шоми ҷавонӣ” бо иштироки муовини Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Ҳамрози Ҳамза, донишҷӯён, бахусус донишҷӯёне, ки дар хобгоҳи муассисаи таълимӣ истиқомат менамоянд ва кормандони муассисаи таълимӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Фазои идона, чеҳраҳои хурсанди донишҷӯён дар рафти чорабинӣ аз хушбахтии онҳо ва ҳукмфармо будани сулҳу ваҳдат дар кишваи азизамон Тоҷикистон дарак медод. Аъзоёни дастаи фарҳангии “Ваҳдатсаро”-и Коллеҷ бо сароидани сурудҳои самимии ватандӯстона ва рақсҳои ҷаззоби худ хотири иштирокчиёни чорабиниро шод гардониданд.
Қобили зикр аст, ки бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудаи 23-юми май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва моҳвораи ҷавонон дар муассисаи таълимӣ Нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардидааст ва дар доираи ин Нақшаи чорабиниҳо давоми ҳафтаи ҷорӣ масъулин раванди ташкил ва баргузории чорабиниҳои варзишӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва корҳои созандагиву ободонӣ роҳандозӣ карда мешавад.
Бо боварӣ иброз менамоем, ки ҷавонони Коллеҷ пайравони асили Пешвои миллат мебошанд ва хоҳанд буд!
Дар ҷамъбасти чорабинӣ донишҷӯёни фаъол аз ҷониби маъмурияти Коллеҷ бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ карда шуданд.