СУХАНИ ТАБРИКОТИИ ДИРЕКТОРИ КОЛЛЕҶИ МУҲАНДИСИЮ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ НОМЗАДИ ИЛМҲОИ ТЕХНИКӢ РАБИЗОДА НАҶИБУЛЛО БАХШИДА БА СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ
    Муҳтарам аҳли илму маърифат!
    Устодони арҷманд!
    Шогирдони азиз!
    Бо ифтихору сарбаландӣ ва шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии кишвари азизамон Тоҷикистон зикр менамоем, ки имрӯзҳо мо мардуми сарбаланди тоҷик дар остонаи ҷашни Соли нави мелодӣ қарор дорем.
   Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш коллективи меҳнатӣ, муҳассилини муассиса ва дар шахсияти Шумо тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистонро ба муносибати ин ҷашн шодбош гуфта, бароятон саломативу сарфарозӣ, дар фаъолияту нақшаҳои некбинонаатон мувафақиятҳои беназир ба Тоҷикистони азизамон ободӣ ва суботу оромии ҷовидона орзумандам.
   Соли 2023 барои мо соли хотирмон ва тақдирсозу таърихӣ буд, зеро дар ин муддат дар кишвари азизмон рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ ва таърихӣ ба амал пайвастанд, ки ба таҳкими минбаъдаи пояҳои давлати миллии тоҷикон ва ба тақвияти нуфузу обрӯи байналмилалии Тоҷикистони азиз мусоидат карданд, бо азму иродаи ватандӯстона ва ба хотири татбиқи сиёсати давлату Ҳукумат ҷиҳати муҳайё сохтани ҷойҳои корӣ, вусъати корҳои ободонӣ ва дар ин асос беҳтар кардани сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакат ҳиссаи арзанда гузоштанд.
   Ҳамзамон ин сол барои мардуми шарифи Тоҷикистон басо соли хотирмон буд, зеро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми саъю талоши худро барои бозҳам баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ, аз қабили илму маориф ва фарҳангу тандурустӣ тадбирҳои дахлдор андешида, дар самти тақвияти пояҳои истиқлоли давлатӣ, муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ соли пурфайзу бобарор буд.
   Бо сарбаланди зикр менамоем ки дар тули соле, ки сипарӣ гашт муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе дар партави сиёсати созанда ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор муваффақиятҳои назаррас ноил гашт, ки дар банақшагирӣ ва амалигардонии онҳо роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса талошҳои беандоза намуданд.
   Дар соли 2023 раёсати Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ҳамкориҳои байналмилалии худро густариш дода, бо 5 адад муасисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии хориҷи кишвар аз ҷумла, Донишгоҳи Алихан Бокейхони шаҳри Семейи Ҷумҳурии Қазоқистон, Донишкадаи технологии Бхаратии иёлоти Телеганаи Ҳиндустон, Коллеҷи технологӣ ва инноватсионии шаҳри Семейи Ҷумҳурии Қазоқистон, Коллеҷи сохтмонии шаҳри Ростови лаби Дони Федератсияи Россия, Коллеҷи менеҷмент ва меҳмондории шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.
    Дар баробари дигар муваффақиятҳо соли 2023 донишҷӯёни Коллеҷ дар Чемпионати ҷаҳон аз намуди сайёҳии варзишӣ дар масофаи пиёдагардӣ байни занон ва мардон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон байни давлатҳои Федератсияи Руссия, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Белорусия, Тоҷикистон ва Ҳиндустон ва дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сайёҳии кӯҳӣ дар ҷумҳурии Марий Эли Федератсияи Россия фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён шуда, бо медал ва дипломи сатҳи байналмилалӣ қадрдонӣ гардиданд.
    Дар соли 2023 дар доираи “Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, ҷалб ва соҳибкасб намудани шаҳрвандон, бахусус занону духтарон дар Маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосири Коллеҷ 350 нафар шунавандагон ба курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ аз рӯи касбҳои “Дӯзандагӣ”, “Ошпаз-Қаннод”, “Аосҳои омӯзиши компютер”, “Пешхизмати тарабхона”, “Роҳбалад” ва “Кӯҳнавард” ҷалб карда шуда, бо “Шаҳодатнома” таъмин гардиданд, ки аз ин шумора 170 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд.
   Боиси зикри хос аст, ки дар соли 2023 донишҷӯи курси дуюми Коллеҷ Ализода Фараҳнуш сазовори гирандаи стипендияи Раиси шаҳри Душанбе гардид, ки ин ҳам яке аз дастовардҳои Коллеҷ дар соли 2023 маҳсуб меёбад.
     Бо боварии комил метавонем қайд намуд, ки ҳайати устодону кормандон ва шогирдони Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе дар соли 2024 ҷиҳати пешбурд ва амалисозии сиёсати маорифпарварона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувор гузошта, ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистонро ҳадафи созандаи худ хоҳанд ҳисобид.
     Бо изҳори ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи Шумоёнро бо фарорасии Соли нави мелодии 2024 сидқан табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо зиндагии пурнишот, ризқи фаровон, саломативу иқболи нек ва комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям.
     Бигзор, соли нави 2024 барои роҳи ояндаи зиндагӣ ва фаъолияти ҳар яки Шумо саодати абадӣ ва дастовардҳои беназирро ҳадя намояд.
      Соли нави мелодӣ муборак!

Leave a Comment