Чӣ тавре ба ҳамагон маълум аст, санаи 28 декабри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми хешро «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа намуданд, ки тариқи ҳама шабакаҳои телевизионию радиошунавонӣ ва васоити ахбори омммаи кишвар нашру пахш гардид.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои минбаъда муайян намуда, ҷиҳати таъмини рушди босуботи соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, нақлиёт, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонону варзиш, сайёҳӣ, амнияту мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар назди масъулини соҳаҳо вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Қобили қайд аст, ки дар паёми навбатӣ чун паёмҳои қаблӣ Президенти маорифпарвари кишвар соҳаи маориф ва илмро яке аз соҳаҳои калидии пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол унвон намуданд. Аз ин рӯ, давлату Ҳукумат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти илму маориф ҳамчун пойдевор ва рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа диққати махсус зоҳир менамоянд. Аз рўзҳои аввали Сарвари давлат интихоб гардидан Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бартараф намудани мушкилоти соҳаи маориф ва ба таҳсил фаро гирифтани хонандагону ҷалби омўзгорон кўшишу талошҳои зиёде намуданд.
Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муассисаҳои таълимӣ ба кулли тағйир ёфта, мазмуни таҳсилот ба худ шакл ва мазмуни нав пайдо карда, марҳила ба марҳила ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонида шуданд. Албата барои расидан ба ҳадафҳои мазкур бунёду сохта ба истифода додани мактабҳои наву муосир мусоидати хуб менамоянд. Вобаста ба ин Пешвои миллат таъкид намуданд, ки агар соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, ҳоло шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба 2 миллиону 600 ҳазор нафар расидааст ва тибқи дурнамо ин шумора то соли 2025 ба 2,7 миллион баробар мешавад. Ин раванд зарурияти бунёди муассисаҳои таълимии нав ва баланд бардоштани имконоти низоми маорифро тақозо мекунад.
Дар идома ба таври муқоиса зикр гардид, ки агар дар соли 2023 шумораи хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар 103 ҳазор нафарро ташкил дода бошад, пас қабул ба синфи 1-ум ба 261 ҳазор нафар расидааст. Дар ин давра 200 муассисаи таълимии нав ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 85 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст, вале ин ҳоло ҳам басанда нест, зеро ҳанӯз 73 ҳазор хонанда бе ҷойи нишаст мемонанд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар самти бунёди муассисаҳои таълимӣ саҳми соҳибкорони ватанӣ низ назаррас мебошад. Вобаста ба ин Пешвои муаззами миллат, ба ҳамаи соҳибкорону сармоягузорони бонангу номуси кишвар барои ташаббусҳои созандаашон ба хотири ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон миннатдории самимӣ изҳор намуданд.
Дар Паёми навбатии хеш Пешвои миллат асоси баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилотро дар тақвият додани рушди сармояи инсонӣ арзёбӣ намуда. зикр карданд, ки рушди сармояи инсонӣ омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ба қавли Роҳбари давлат рушди сармояи инсонӣ, яъне тақвият додани тафаккуру маънавиёт, ҳусни баён, одоби муошират, луғатдониву забономӯзӣ ба фарҳангу маданияти омӯзгорон дар пешрафти соҳа нақши бағоятан муҳимро иҷро менамояд, зеро омӯзгор бидуни ин истеъдоду хислатҳо омӯзгори асил ва содиқ нахоҳад буд.
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар ҷойгоҳи мактабу маориф ва мақоми омўзгор тадриҷан боло рафта, афрўзандагони илму дониш ва чароғи маърифат яъне омӯзгорон бо масъулияти баланди ватандорӣ рисолати касбии хешро иҷро менамоянд. Бо ин тартиб сарвари давлат ҳадафи стратегии давлатро дар Паёми имсола мисли солҳои қаблӣ дар таъмин намудани шароити арзандаи зиндагӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.
Бо назардошти ин бо мақсади ҳавасмандии кормандони соҳаи маориф таи се сол аст, ки Пешвои миллат дар ироаи Паёмҳояшон маоши вазифавии кормандони соҳаро ба андозаи аз 20 то 40 фоиз зиёд менамоянд. Ин дастгирию ҳавасмандӣ ва ғамхориҳои Пешвои миллат бори дигар аҳли маорифи кишварро ба он муваззаф менамояд, ки нисбати вазифаи бардушдоштаашон масъулияти баланд дошта, дар таълиму тарбияи мутахассисони соҳибкасб кӯшиши бештар ба харҷ диҳанд.
Дар ин замина таъкид гардид, ки рушди иқтидори илмии муассисаҳои зикршуда, дар доираи лоиҳаҳои давлатӣ ва байналмилалӣ анҷом додани таҳқиқоти арзишманди илмӣ ва дар раддабандии ҷаҳониву минтақавӣ мавқеи шоиста ишғол намудани муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таъмин карда шавад. Баҳри амалигардонии мақсади мазкур Вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Академияи миллии илмҳо, дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ фаъолияткунанда муваззаф гардиданд, ки тавассути роҳандозии барномаҳои таълимии муосир омода кардани кадрҳои лаёқатманд ва баландихтисосро таъмин намоянд.
Ҳамзамон Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо вазифадор гардиданд, ки бо мақсади татбиқи лоиҳаи сармоягузории давлатии «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат», «Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия ва пешниҳод намояд”.
Ҷиҳати расидан ба ҳадафҳо “дар раванди амалисозии лоиҳа муҳити мусоид барои дастрасӣ ба таҳсилот, таълиму тарбияи самарабахш, таълифи китобҳои дарсии насли нав, баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳлил ва арзёбии раванди таълиму тарбия ва беҳтар кардани инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ таъмин карда шавад”.
Созгор будани муҳити таълимӣ барои баланд бардоштани сифати таҳсилот масъулини соҳаро вазифадор менамояд, ки ҷиҳати муҳайё намудани шароити хуби кории кормандонашон тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд. Пешвои миллат зимни ироаи Паёми хеш зикр намуданд, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон бояд ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад ва таъкид бар он намуданд, ки танҳо сулҳу суботи ҷомеа метавонад заминаи ободӣ, пешрафти илму ҳунар ва дину фарҳанг бошад. Дар партави ин таъкидҳо аҳли маорифи кишварро мебояд тамоми қувваи маънавии хешро ҷиҳати тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарастӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ сафарбар намоянд.
Эълон гардидани соли 2024 аз ҷониби Пешвои миллат ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» барои тақвияти додани донишҳои сиёсӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ ва омӯзиши санадҳои меъёриву ҳуқуқи ҷавонон заминаи хуберо фароҳам оварда метавонад. Дар доираи ифшои як мақола ва ё матолибе хулосабарорӣ аз Паёми басандагӣ намекунад. Бинобар ин мо кормандони соҳаи маорифро лозим аст, ки дастуру супоришҳои дар Паём дарҷгардидаро сармашқи кору фаъолияти ҳамрӯзаи хеш қарор диҳем.
“Ба мардуми соҳибмаърифату тамаддунсоз ва шарафманду сарбаланди мамлакат барои дастгирии сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат ва заҳмати аҳлонаву ободгарона сипосу миннатдории самимии худро изҳор мекунам”, дар партави ин суханҳои Пешвои миллат мо аҳли маорифчиёни кишвар кӯшиш менамоем ба боварии Роҳбари давлат ҷиҳати амалӣ намудани дастурҳои ояндасоз сазовор гардида, ба масъалаи сифати таълиму тарбия диққати ҷиддӣ дода, барои баланд бардоштани маърифатнокию ҷаҳонбинӣ, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва масъулияти роҳбарии хеш дар ин ҷода саҳми арзанда гузорем.
Директори Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе н.и.т.
Рабизода Н.