Зери ҳамин унвон санаи 04.03.2024 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани “Рӯзи модар”, бо ибтикори кафедраи педагогикаи касбӣ мизи мудаввар ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар чорабинӣ сармуҳаррири маҷаллаи Бонувони Тоҷикистон Шоҳона Сулаймонӣ, роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса иштирок намуданд. Чорабинӣ дар як фазои идона бо садо додани суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоикистон аз 28.12.2023, дар васфи бузургии модарон, насби гӯшаҳои деворӣ бо инъикоси ин ҷашни фархунда, бонувону модарони либоси миллии тоҷикона бабарнамуда, аз бузургиву эҳтиром ба ин олиҳаи наҷиби инсонӣ дарак медод.
Чорабиниро ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Файзуллоева Дилрабо Назурвалиевна оғоз намуда, қудуми меҳмононро ба муассисаи таълимӣ шодбош гуфтанд. Муаллима дар баробари ироаи маърӯзаи хеш дар мавзӯи “Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот” аҳли нишасти чорабиниро ба муносибати ин ҷашн табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон шодиву нишоти зиндагӣ ва дар кору фаъолияташон барору комёбиҳо таманно намуданд. Мавсуф бо ифтихор қайд намуданд, ки айни замон дар муассисаи таълимӣ 60% кормандонро занону бонувон ташкил менамоянд, ки аз ин теъдод 9 нафари онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият менамоянд. Ин ҳама сарфарозиву бурдбориҳои занону бонувон ва донишҷӯдухтарони муассиса аз пайравии сиёсати созанда ва некбинонаи Роҳбарияти олии кишвар нисбати занону бонувони хуштолеъи тоҷик дарак медиҳад.
Баъдан сармуҳаррири маҷаллаи Бонувони Тоҷикистон Шоҳона Сулаймонӣ ба сухан баромада, аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат нисбати занону бонувон сухан намуда, маҷаллаи Бонувони Тоҷикистонро майдони розу ниёз ва инъикоси комёбиҳои занону бонувони муваффақи Тоҷикистон дар тамоми самтҳои пешбарандаи ҷомеа арзёбӣ намуда, аз иштирокчиёни чорабинӣ даъват ба амал оварданд, ки зери сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат камари ҳиммат баста, фарзандонро дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ватанпарварӣ ва шогирдонро дар доираи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ тарбия намоянд. Дар раванди чорабинӣ мудири кафедраи педагогикаи касбӣ муаллима Гулмирзоева Саврибегим Қурбоналиевна дар мавзӯи “Зан- Модар тоҷи офариниш”, омӯзгор Қосимова С.И, дар мавзӯи “Зан-Модар олиҳаи зиндагӣ”, омӯзгор Садиров М.М, дар мавзӯи “Таърихи таҷлили 8-Март-Рӯзи Модар”, омӯзгор Қараева С, дар мавзӯи “Зан-оинаи оила”, маърӯзаҳои судманди хешро ба самъи иштирокчиёни чорабинӣ расониданд. Баъдан омӯзгорзанони муассиса дар ситоиши бузургии модарон порчаҳои шеърии пурмазмунро қироат намуданд.
Ҳамзамон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Коллеҷ Озмуни “Кадбонуи беҳтарин” бо мақсади ҷалби занону бонувон ба ҳунари кадбонуӣ ташкил ва баргузор карда шуд, ки тибқи Низомномаи Озмун ҳайати Комиссияи Озмун муаллима Шоҳона Сулаймонӣ, ба ҳунари кадбонугии бонувони Коллеҷ баҳои баланд доданд. Дар натиҷаи Озмун китобдори китобхонаи Коллеҷ Раҳимова Барг Абдураҳимовна бо омода намудани таомҳои миллӣ, ғолиби Озмун гардид. Қобили зикр аст, ки чорабиниҳои гуногунсамт дар муассисаи таълимӣ дар арафаи ин ҷашни бузург “Рӯзи Модар” идома доранд.