Санаи 25.04.2024 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе бо ибтикори кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар доираи ҳафтаи илм мизи мудаввар таҳти унвони “Нақши забон ва забондонӣ дар ташаккули тафаккури башарият” ташкил ва баргузор карда шуд.
Мизи мудавварро сардори шӯъбаи илм ва инноватсия Садиров Ф.Р. ифтитоҳ намуда зикр намуданд, ки барои миллати мутаммадин омӯхтани илмҳои муосир зарур мебошад, бахусус омӯхтани забонҳои хориҷӣ аз ҷумла забони англисӣ ва русӣ дар замони ҷаҳонишавӣ ва пешрафти илму технология зарур ва ҳатмӣ мебошад.
Нахуст омӯзгори калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ Яқубова Б.Ш. дар мавзӯи “Нақши Садриддин Айнӣ дар ташаккули забони адабии ҳозираи тоҷик” маърӯза намуда, таъкид доштанд, ки вақте бо осори устод ва навиштаҳои ӯ рӯ меорем мебинем,ки мавзӯи забон ҳамеша дар меҳвари фаъолияти адабии ӯ қарор дорад. Бузургтарин хизмати устод С.Айнӣ дар рушду такомули забони модарӣ дар он аст, ки ӯ бовуҷуди таъсири дигаргуниҳои сиёсию иҷтимоии замон ва баъзе равандҳои номатлуб дар сиёсати забон, нахост забони адабӣ аз роҳи забони классикӣ берун равад, кӯшиш намуд, ки пайванди гузаштаю имрӯзаи забон устувор бимонад.
Сипас омӯзгори фаннӣ забони англисӣ Усмонова М. дар мавзӯи “Омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар замони муосир” баромад намуда, иброз доштанд, ки забонҳои русӣ ва англисӣ ҳамчун забони муоширати байналмиллалӣ эътибори аввалиндараҷа дорад. Дар ҷаҳони илму техналогия имрӯз забони русию англисӣ ҳамчун забонҳои ҳукумрон маҳсуб меёбанд. Мо омӯзгорони забондон бояд ҳамеша аз пайи такмили донишу малакаҳои кории худ буда, дар таълиму тарбияи насли забондону ояндасоз саҳми босазои худро гузорем. Дар рафти чорабинӣ байни омӯзгорон ва донишҷӯён саволу ҷавоб ва баҳсу мунозира сурат гирифта, омӯзгорон ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас доданд.
Дар интиҳо сардори шӯъбаи илм ва инноватсия Садиров Ф.Р. зикр намуданд, ки дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ” аз 18 марти соли 2024, N-795 дар Коллеҷ ҷиҳати иҷрои фармони мазкур бо иқдоми роҳбарияти муассиса курсҳои тадриси забони русӣ ва англисӣ барои кормандон ва омӯзгорон ба роҳ монда шудааст, ки дарсҳоро омӯзгорони ботаҷриба дар сатҳи баланд гузашта истодаанд.