Санаи 04 июни соли 2024 дар Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими ҷоизасупории ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии “Илм -фурӯғи маърифат” баргузор гардид.
   Мавриди қайд аст, ки дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм -фурӯғи маърифат” 13 нафар донишҷӯёни Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе фаъолона иштирок намуда, 4 нафари онҳо сазовори ҷойҳои намоён гардида, ба тариқи зайл ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифанд.
   1.Юнусзода Усмонҷон донишҷӯи 1-ум аз рӯи “Физика ва Астрономия” сазовори ҷойи дуюм;
   2. Мирзоева Миҷгона донишҷӯи курси 3- юм аз рӯи номинатсияи “Биология (ботаника, зоология, анатомия)” сазовори ҷойи 3-юм;
   3. Маликоев Забаршо донишҷӯи курси 3-юм аз рӯи номинатсияи “География” сазовори ҷойи 3-юм;
   4. Назаров Муҳаммадюсуф донишҷӯи курси 3-юм аз рӯи номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
   Ҳамаи ғолибон аз ҷониби Кумитаи тадорукот бо “Ифтихорнома” ва мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд.
  Раёсати Коллеҷ ҳамаи ғолибони даври ноҳиявии озмунро бо ин дастовардашон табрику таҳният намуда, ба ғолибон дар давраҳои минбаъда барору комёбиҳоро таманно намуданд.

Leave a Comment